Абдулазиз ал-Мусаллам, Сардори департаменти фарҳанги ҳукумати Шориқа: «Дастархони тоҷикӣ мисли либосҳояшон рангоранг ва хеле иштиҳоовар аст»

Май 1, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 1.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 25-30 апрел бо даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ аз кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб ба сарзамини тоҷикон омада, аз шаҳрҳои Душанбеву Панҷакент, Китобхонаи миллӣ, Пажӯҳишгоҳи мероси хаттӣ ва дигар ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сардори департаменти фарҳанги ҳукумати Шориқаи Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулазиз ал-Мусаллам, ки дар ҳайати меҳмонон буд, қабл аз рафтанаш аз Душанбе ба Аморати Муттаҳдаи Араб суҳбат баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»: Аз сафар ба Тоҷикистон чӣ таассурот ҳосил намудед?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Воқеан, Тоҷикистон сарзамине аст, ки дар ин ҷо осори тамаддуни ҷаҳонӣ дида мешавад ва меарзад, ки чандин маротиба аз ин кишвар дидан карда шавад. Сайёҳони араб метавонанд бо дили пур барои тамошои ин кишвар биёянд ва аз сафари худ ба Тоҷикистон пушаймон нахоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»: Бори аввал ба Тоҷикистон омадед?

Абдулазиз ал-Мусаллам:  Бале, бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меоям.

АМИТ «Ховар»: Ҳар як кишвар хусусиятҳои хоси худро дорад: табиат, фарҳанг, либос, боду ҳаво, муомилаву муошират ва дигар ҷузъиётҳо. Таваҷҷуҳи Шуморо дар Тоҷикистон чӣ бештар ҷалб намуд?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Аввалин чизе, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бандаро ҷалб кард, табиати зебо ва сарсабзи ин кишвар аст. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи бандаро либоспӯшии занҳои тоҷик, ки либосҳои зебои миллӣ мепӯшанд, ба худ кашид. Дар кишвари мо аслан мардҳо либоси миллӣ ба бар мекунанд, аммо дар Тоҷикистон бештар занҳо либоси миллӣ мепӯшанд.

АМИТ «Ховар»: Дар аввали суҳбат гуфтед, ки Тоҷикистон дорои осори тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Оё ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтед?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Бале, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намудам. Ҳамчунин, баъзе ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла Панҷакент, Ҳисор ва оромгоҳи Абӯабдулло Рӯдакиро зиёрат намудам. Ба он ҷойҳое, ки натавонистам равам, кӯшиш мекунам тавассути интернет дар бораи он ҷойҳо маълумот пайдо кунам.

АМИТ «Ховар»: Бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот доштед. Дар ин мулоқот кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Вохӯрии мо бо Вазири фанҳанги Тоҷикистон маротибаи аввал набуд. Мо, қаблан, дар Аморати Шориқаи Араб мулоқот доштем ва мулоқоти Душанбе такмилдиҳандаи мулоқоти аввал буд. Чанде пеш, ҳафтаи намоиши ҳунарии мардуми тоҷик дар Аморати Шориқа баргузор гашт, ки аз Тоҷикистон ҳудуди даҳ нафар ҳунармандон он ҷо ҳунарнамоӣ карданд. Дар назар аст, ки соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Шориқа ва соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Аморати  Шориқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шаванд.

АМИТ «Ховар»: Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ чӣ таъсир ба робитаҳои байни кишварҳо мерасонад?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Албатта, равобити фарҳангӣ байни кишварҳо омили аслии тақвияти равобит дар ҳар самти дигар аст. Яъне, аввал иртиботи фарҳангӣ ва баъдан, иқтисодиву сиёсиву дигар. Мо муштаракоти зиёд дорем, аз ҷумла дини муштарак. Агар мардуми араб донанд, ки мардуми тоҷик чӣ гуна фарҳанг, табиати зебо, маконҳои таърихӣ ва ҷойҳои сайёҳӣ доранд, онҳо бештар ба ин кишвар сафар мекунанд ва ин боиси рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ мегардад. Ҳамчунин, мардуми тоҷик ба кишвари мо сафар кунанд, бо фарҳанг, урфу одатҳои мо шинос шаванд, он гоҳ иртибот бештар ва алоқаҳо мустаҳкамтар мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Шумо, ки корманди Департаменти фарҳанг ҳастед, фарҳанги миллии тоҷиконро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Тоҷикон фарҳанги бою ғанӣ доранд ва мардуми бофарҳанг ҳастанд. Чанд муддате, ки ман ин ҷо будам, мушоҳида кардам, ки онҳо ҳуввияти миллии худро ҳифз кардаанд. Махсусан, эътиқоди тоҷикон ба фарҳангу дину тамаддуни худ қавӣ аст. Дар намози ҷумъа иштирок кардам ва мушоҳида намудам, ки тоҷикон тартиби намозгузориро бисёр хуб риоя мекунанд. Ин нишона аз он аст, ки мардуми тоҷик ба риояи фарҳанги худ бисёр устувор ҳаст.

Аммо як нуктаро мехоҳам таъкид кунам, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва паҳншавии технологияи муосир таъсири манфии худро ба ҳуввияти миллии тоҷикон нагузорад. Мо дар баъзе кишварҳои арабӣ мушоҳида мекунем, ки мардум фарҳанги аслии худро аз даст додаанд ё фаромӯш кардаанд. Дар ҷаҳон ду таъсиргузори аслӣ ҳастанд. Ин кишварҳои таъсиррасон ҳарчанд фарҳанги на он қадар ғанӣ доранд, аммо имкониятҳои зиёд доранд. Мо бояд эҳтиёт шавем ва ба тарғиботи ин абарқудратҳо дода нашуда, фарҳанги ғании худро ҳифз намоем.

АМИТ «Ховар»: Аз бозорҳои Тоҷикистон дидан кардед? Хӯрокҳои миллии тоҷиконро чашидед? Аз суҳбат бо мардуми одӣ чӣ таъсурот ҳосил намудед?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Ман сафарҳои зиёд ба кишварҳои гуногун доштам ва ҳамеша мушоҳида мекардам, ки вақте дар кӯчаҳо мегардед, дар атрофи шумо одамони зиёд ҷамъ мешаванд ва одам наметавонад озод бошад. Аммо вақте дар кӯчаҳои Тоҷикистон мегаштам, мушоҳида намудам, ки мардуми тоҷик ба одами ношинос аслан кор надоранд ва ба кори худ овораанд. Ҳамчунин, мардуми тоҷикро сулҳҷӯ дарёфтам. Онҳо дар сар ҳамеша фикри сулҳҷӯёна доранд ва андешаи бо касе муноқиша намуданро  ҳатто ба гӯшаи хаёл намеранд.

Дастархони тоҷикӣ мисли либосҳояшон рангоранг ва зебо аст, ки хеле ба ман писанд омад. Ва  хеле иштиҳоовар аст.

Вақте аз бозорҳои Тоҷикистон дидан кардам, мушоҳида намудам, ки нархҳо муносиб ва дастрасанд. Аз дӯстон хоҳиш кардам, ки маро ба бозори Меҳргон баранд, то ки тавонам аз он ҷо мағзу донагиҳову меваҳои хушккарда харам ва ба ватан бо дасти пур баргардам.

АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Аз Шумо ҳамчун сайёҳ мехостам пурсам, дар Тоҷикистон чӣ имкониятҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ мавҷуд аст?

Абдулазиз ал-Мусаллам: Сайёҳон ду намуд мешаванд. Аввалӣ маротибаи аввал сафар кардааст ва дуввумӣ аз кишварҳои зиёд дидан намудааст. Талаботи дуввумӣ бештар аст. Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз бисёр омилҳо вобаста аст. Масалан, оё Тоҷикистон метавонад, ки шумораи зиёди сайёҳонро қабул кунад? Оё кӯчаҳову меҳмонхонаҳо ва воситаҳои хизматрасонӣ имкони қабули шумораи зиёди сайёҳонро доранд?

Нуктаи дигаре, ки мехоҳам қайд кунам вобаста ба ширкатҳои сайёҳӣ аст. Бояд шумори онҳо зиёд карда шавад, корашон босифат ва хуб гардад.

Мебинем, ки Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст ва бовар дорам, ки муваффақ мешавад.

АМИТ «Ховар»: Шояд суолеро интизор будед, ки мо надодем. Агар гуфтание дошта бошед, метавонед баён намоед.

Абдулазиз ал-Мусаллам: Агар Тоҷикистон мехоҳад, ки дар самти сайёҳӣ муваффақ бошад, пас бояд бозори сайёҳиро хуб омӯзад. Бояд табиат ва хостаҳои сайёҳон омӯхта шавад, ки онҳо чӣ мехоҳанд.

Мо муддати зиёд бо Россия иртибот ва ҳатто сафорат надоштем. Пас аз он, ки иртибот барқарор намудем, намедонистем, ки ба сайёҳони рус чӣ писанд аст. Имрӯз дар Аморати Муттаҳидаи Араб шумораи зиёди сайёҳони рус ҳастанд ва медонем, ки ба онҳо чӣ лозим аст. Масалан, тарҷумонҳоро омода намудем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони русӣ маълумотномаҳо насб кардем.

Хуб мешуд, ки дар Душанбе номҳои мағозаву тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншоот дар баробари забони тоҷикӣ ҳамчунин бо ҳуруфи англисӣ навишта ва насб карда шаванд. Яъне сайёҳ аз лавҳаҳои насбшуда фаҳмад, ки иншоот мағоза аст ва ё сартарошхона.

Мардуми кишварҳои Халиҷ тақрибан як мардуманд. Як фарҳанг доранд. Агар мехоҳед, ки ин мардум биёянд ба Тоҷикистон, бояд хостаҳову хусусиятҳои ин мардум омӯхта шавад. Масалан, вақте ман ба Франсия сафар кардам, ба ҳуҷраи меҳмонхона китоби Қуръон ва ҷойнамоз оварда монданд. Албатта, дар утоқи меҳмонхонае, ки ман дар Душанбе истодаам китоби Қуръон ва ҷойнамоз ҳаст. Ман танҳо хостам бо мисол шарҳ диҳам, ки чӣ гуна бояд ба нуктаҳои кучак ва муҳим таваҷҷуҳ карда шавад.

Ташаккур барои суҳбат!

 

Май 1, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод