Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Беларус доир карда шуд

Май 18, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 майи соли равон дар майдони МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» дар доираи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дао Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсулоти корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Беларус доир карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар намоишгоҳ корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Беларус, аз қабили «Амкодор», «Гомселмаш», «БелАЗ», «МТЗ» ва «МАЗ» зиёда аз 50 навъи мошинҳои муосири кишоварзӣ, коммуналӣ, сохтмонӣ ва боркашро, ки ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба маъраз гузоштанд. Аз ҷониби  ширкатҳои беларусӣ ҳамзамон таври истифодаи комбайнҳои ғаллағундор, пахтачинӣ, хошокғундорӣ, тухмипошакҳои гуногун, таҷҳизоти кишт ва борбардор намоиш дода шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Палатаи савдо ва саноат, Вазорати кишоварзӣ ва соҳибкорон иштирок намуда, ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи Беларус баҳои баланд доданд.

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони ин намоиш мебошанд, дар маросими ифтитоҳи он доир ба аҳамияти истифодаи ин техникаҳо зикр карданд, ки  баргузории чунин намоишгоҳҳо барои дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни кори намоиш соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти гуногуни корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус аз наздик шинос шуда, бевосита аз намояндагони ширкатҳо доир ба самтҳои истифодаи онҳо машваратҳои судманд гиранд ва ҳамчунин баҳри рушди тиҷорати худ маҳсулоти дилхоҳ интихоб намоянд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе то рӯзи 23 майи соли равон идома меёбад.

Май 18, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид