Дар се моҳи соли 2018 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1,8 баробар афзуд

Май 4, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдо байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар се моҳи соли равон 1,8 баробар афзуда, 41,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Файзиддин  Қаҳҳорзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Парлумони мамлакат зимни баррасӣ ва тасдиқи Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба канорагирӣ аз  андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани  саркашӣ аз супоридани  андозҳо аз даромад ва сармоя изҳор дошт, хабар медиҳад.

Вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур зикр кард, ки Созишнома бо мақсади аз байни бурдани андозбандии дукарата нисбати резедентҳои ҳарду кишвари аҳдкунанда, афзоиш додани гардиши мол, воридоти сармоя, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва техникии ду давлат ба имзо расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст. Ин санад, ки аз пешгуфтор ва 31 модда иборат мебошад, 9 марти соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода афзуд, ки гардиши савдо дар соли гузашта байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 126 миллион долларро ташкил дода, дар се моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли  2017 1,8 баробар афзудааст. Инчунин бо сармоягузории ширкатҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 17 корхона фаъолият менамояд. Ҳамзамон интизор меравад, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар оянда ба марзи ним миллиард доллар наздик шавад.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 32  кишвари дунё Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата   ва пешгирӣ  намудани  саркашӣ аз супоридани андозҳо  аз даромад ва сармояро ба тасвиб расонидааст, ки он ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Май 4, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд