Дар шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид

Май 14, 2018 11:12

ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 13 май дар шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рафти  намоиши мазкур, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба роҳ монда шуд, раисони вилоятҳо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва дигарон боздид намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки солҳои охир рушди сайёҳӣ, алалхусус саёҳати дохилӣ яке аз масъалаҳои меҳварии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ ва татбиқ карда шуданд. Аз ин лиҳоз баргузории чунин намоишгоҳҳо дар дар ин сол мувофиқи мақсад мебошад, зеро он ба рушди саёҳати дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои фарҳангиву театрӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи «Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Маҳфили адибон»  ва «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон 10 май оғоз гардида, имрӯз, 14 май ба анҷом мерасанд.

Май 14, 2018 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд