«ОБУ ОТАШ»- НАМОИШ ДАР БОРАИ ТАҲАММУЛГАРОӢ. Ходимони дини Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода имрӯз барои тамошои ин спектакл ба Душанбе омаданд

Май 14, 2018 12:30

ДУШАНБЕ, 14.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14-уми май, масъулони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони дини шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дастаҷамъона дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  спектакли «Обу оташ»-ро тамошо намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад», — иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа, ки 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон,  дар Душанбе доир гардид.  Маҳз ҳамин арзишҳои нек – таҳаммулгароӣ, ҷаҳони маънавӣ, одобу ахлоқ аз мавзӯҳои асосии намоишномаи  «Обу оташ»-и нависанда ва драмнависи шинохтаи тоҷик, шореҳи адабии АМИТ «Ховар»  Мансур Суруш мебошанд. Ин асар драмаи иҷтимоӣ буда, дар он ихтилоф ва бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои динию мазҳабӣ ва илмию дунявӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Ба қавли дастандаркорони театр, ҷавҳари асосии намоиш муҳаббат мебошад, ки инсонҳоро бо вуҷуди ихтилофи назар ва ақоид ба ҳам меоварад ва таҳаммулпазириву меҳру ихлосро талқин менамояд.

Коргардони асар Хунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов бо истифода аз осору фалсафаи ниёгон, хусусан ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрав ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба намоиш як навъ ҷанбаи фасафӣ бахшидааст. Анҷоми асар бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, муҳаббату эҳтиром ба арзишҳои мазҳабию иҷтимоӣ бадеияти хосса касб кардааст.

Ҷанбаи ахлоқиву тарбиявии намоиш дар нақшофаринӣ ва ҳунару истеъдоди  Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Саодат Азизова, Зулхумор Иброҳимова, Асалбек Назриев, Ортиқ Қодиров, Бобоҷон Ҳасанов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзовалиев, ҳунарманди маъруф Сония Наврӯзова ва дигарон хеле равшан таҷассум ёфтааст. Рассоми намоиш Нина Панова дар ороиши саҳна ғоя ва муҳтавои асарро комилу рангин инъикос намудааст. Мусиқии асар бо оҳанги ҷаззоби ромишгар ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров таҷассумгари рӯҳия ва фалсафаи намоиш мебошад.

Чанде қабл кормандони дастгоҳи Марказии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри академию драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ аз намоиши театрии “Обу оташ” дидан намуда буданд.

Май 14, 2018 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид