Ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Июнь 1, 2018 15:40

ДУШАНБЕ, 01.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ дар заминаи имтиёзҳои фароҳамовардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ»-чунин буд ҳадафи аслии ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сайёҳӣ-имконияти соҳибкорӣ барои ҳама» ва бо иштироки кормандони сохторҳои давлатӣ, намоянҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорон баргузор карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра имтиёзҳои андозию гумрукӣ, аз қабили дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани  ширкатҳои сайёҳӣ, тасдиқи феҳрасти иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, аз ҳамаи намуди андозҳо пурра озод намудани ҳунармандоне, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ машғул ҳастанд, пешниҳод намуданд, ки он дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи сайёҳӣ фароҳамовардаи Сарвари давлатро шарҳ дода, иброз дошт, ки яке аз соҳаҳои аз лиҳози иқтисодӣ сердаромад дар ҷаҳон- ин соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.

«Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ як сайёҳ зимни сафари худ аз 350 то 750 доллари амрикоӣ сарф карда, ба таври мустақим ва ё ғайримустақим барои таъсиси 3-7 ҷойи корӣ сабаб мегардад. Имкониятҳои сайёҳии кишвари мо бо шумули кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффову шифобахш, табиати нотакрор, дар як вақт дидани чор фасли сол ва ғайра танҳо дар Тоҷикистон мавҷуд буда, дар Осиёи Миёна беназир ҳастанд»,-афзуд Н.Абдуғаффорзода.

Намояндаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Дилшод Одинаев ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он зикр карда, ҳамчунин чанд монеаеро, ки дар самти рушди сайёҳӣ бояд аз байн бурда шаванд, таъкид намуд.

«Бояд додани раводиди гурӯҳӣ ба сайёҳон ба роҳ монда шавад, чун дар ин самт қарори Ҳукумат ҳаст. Ба сайёҳ бояд раводиди электронӣ барои дарозмуддат – то 6 моҳ дода, шароит фароҳам оварда шавад, ки ӯ пас аз тарки кишвар барои чанд рӯз боз тавонад ворид шавад ва тариқи Тоҷикистон парвоз намояд. Агар раводиди электронӣ дода нашавад, маблағи пардохтшуда бояд баргардонида шавад. Сайёҳ тавонад раводидро дар дилхоҳ нуқтаи сарҳадӣ дастрас намояд ва кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ набояд миқдори пули бо худ доштаи сайёҳро пурсанд. Ҳамчунин хеле хуб мешуд, агар бо сокинон ва кормандони мақомоти интизомии маҳалҳои сайёҳӣ ва таърихӣ суҳбатҳо анҷом дода шаванд ва ба онҳо фаҳмонида шавад, ки сайёҳ кист ва бо ӯ чӣ гуна муносибат бояд кард»,- гуфт Дилшод Одинаев.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки сайёҳӣ воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдасти кишоварзӣ, ки дигар афзалиятҳои иқтисодӣ надоранд, ба ҳисоб рафта, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад. Сайёҳии экологӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор аз самтҳои афзалиятноки бахши сайёҳии Тоҷикистон буда, имкониятҳои истифоданашуда хеле фароханд.

Бояд гуфт, ки бозори сайёҳӣ имрӯз ба як бозори хеле сердаромад табдил ёфта, тибқи омори ҷаҳонии сайёҳӣ, шумораи сайёҳон дар ҷаҳон ба 1 миллиарду 322 миллион нафар расида, даромади бахши сайёҳӣ ҳудуди 2,2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани имтиёзҳову имкониятҳо ва дастгирии соҳибкорон дар самти рушди сайёҳӣ баҳри ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон буда, ҳадаф аз он рушди иқтисоди мамлакат ва боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2018 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад