Дар шаҳри Бишкек масъалаи панҷ макони махсуси ҳифзшавандаи мероси табиии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 25, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 25.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек зимни як семинар масъалаҳои панҷ макони махсуси ҳифзшавандаи мероси табиии Тоҷикистон, ки ба Рӯйхати пешакии ЮНЕСКО соли 2006 ворид шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 19-20 июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон семинари машваратии минтақавӣ дар мавзӯи «Объектҳои эҳтимолии Осиёи Марказӣ ҳамчун номинатсия ба Феҳристи умумиҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Дар он намояндагони комиссияҳои миллии ЮНЕСКО, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, академияҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз панҷ давлати Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон даъват шуда буданд. Аз Тоҷикистон як гурӯҳ бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иштирок намуд.

Зикр гардид, ки азбаски аз давраи ворид намудани онҳо ба Рӯйхати қаблии ЮНЕСКО дувоздаҳ сол гузаштааст, бояд маводи пажӯҳишӣ аз нав дида баромада шуда, ҳуҷҷатҳои мавзеъҳои ҳифзшаванда бо дарназардошти талаботи солҳои охир оид ба пешниҳоди менеҷменти макони номинатсияшаванда пурра карда шаванд.

Коршиносон пешниҳод намуданд, ки барои пешбурди корҳои номинатсионӣ оид ба мероси табиӣ то охири соли 2018 ҳуҷҷатгузорӣ оид ба объектҳои эҳтимолӣ бояд омода ва пажӯҳишҳои илмӣ коркард шаванд.

Инчунин дар назар аст то ҷамъбасти лоиҳаи номинатсияҳо ду семинари дигар, яке моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Тошканд ва дигаре-охири соли 2018 дар шаҳри Алмато  доир гарданд.

 

Июнь 25, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд