«Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» сазвори Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии «Санъати китоб» гардид

Июнь 29, 2018 11:39

ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» — и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии  ИДМ баргузор гардид.

Ҳайати ҳакамони озмун ба китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» Шоҳҷоизаи озмунро тақдим намуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишномаи мазкур аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор ёфтааст.

Дар озмуни мазкур ду китоби дигар дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд: «Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон» (нашриёти Эр-граф) дар бахши «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ва «Шиносоӣ ва хотира» (Н. Сафаров, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши «Адабиёти таьлимӣ «.

Ҳамчунин китобҳои «Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ» (нашриёти Ношир) дар бахши «Нашри Иттиҳод» ва «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши «Кишвари ман» сазовори ҷойҳои дуюми  озмун гардиданд.

«Дили Осиё. Тоҷикистон ва тоҷикон дар назми рус» («Сердце Азии. Таджикистан и таджики в русской поезии») (нашриёти Маориф) дар бахши «Иттиҳод», «Биё, шоҳмот мебозем» (Н. Салоҳиддинзода, нашриёти Маориф) дар бахши «Китоб барои кӯдакону наврасон», китоби «Кавалерийские дивизии, сформированные в Таджтикистане в боях против Вермахта» (Г. Шерматов, нашриёти Орбита) дар бахши «Санъати ороиш», инчунин фотоалбоми «Хуҷанд» дар бахши «Арт-китоб» ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди аъзои ҳакамон ба китоби «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI» ва Донишномаи кӯдакони «Чӣ, кай, дар куҷо?», ки ҳар ду нашри Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик мебошанд, дипломҳои махсуси озмун гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ аз соли 2004 инҷониб баргузор мегардад. Соли  равон дар озмуни мазкур зиёда аз 50 адабиёти тозанашр (нашри солҳои 2017-2018) аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия ва Беларус  пешниҳод гардиданд.

 

 

Июнь 29, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд