МУЖДА АЗ ДӮСТ. Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

Июнь 23, 2018 12:27

ДУШАНБЕ, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 29 июн то 2 июли соли равон Театри ӯзбек бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Арӯси бесалиқа» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.

Намоишномаи «Арӯси бесалиқа» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ 30 ноябри соли 1939 таъсис ёфтааст. Ҳанӯз аз солҳои аввали таъсис дар он як гурӯҳ ҳунармандони касбӣ фаъолият доштанд.

Театри мазкур дар заминаи Театри операи ӯзбек соли 1929 ба миён омадааст, ки ҳам санъати опера ва ҳам мусиқии драмавиро дар бар мегирифт.

Бояд гуфт, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳунармандони театри мазкур дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда, аз қаҳрамонию шуҷоатмандии ҷанговарон ва афсарони Армияи советӣ барои тамошобинон намоишҳо пешниҳод  намуданд.

Баъдан ба барномаи Театр мусиқӣ ва сурудҳои муосир ҳамроҳ гардид.

Ҳунармандони театри мазкур Тухтасин Ҷалилов, Лутфихон Ая Саримсакова, Раззоқ Ҳамроев, Соиб Хуҷаев, Ҳамза Умаров, Суръат Пулодов ва дигар ҳунармандони халқӣ бо маҳорати баланд аз рӯйдод  ва ҳаёту зиндагии мардум намоишҳои зиёд ба саҳна мегузоштанд, ки дар дили бинанда ба зудӣ ҷой мегирифтанд.

Имрӯз низ ҳунармандони театр дар дилу дидаи мардуми ӯзбек ҷой доранд ва миёни мардум мавқеи хосса доранд.

Умед мебандем, ки сафари Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нек ва пур аз хотираҳои ҷолиб хоҳад буд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2018 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд