ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Тақдими як зумра китобу адабиётҳои Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 21, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 21.07.2018/АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамчун рамзи тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи китобу адабиётҳои гуногунро,  ки  тӯли солҳои истиқлолияти давлатии ин кишвари дӯст нашр гардидаанд, тақдим намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китобҳои тақдимнамудаи  Сафири  Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи қадимаю муосир, ёдгориҳои бостонии сарзамини Ӯзбекистон, забону адабиёт, фарҳанг, этнография  ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақл мекунад ва бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки қаблан Сафири Ӯзбекистон ба  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адабиёту китобҳои гуногун тақдим намуда буд, ки яке аз онҳо китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад.

Ҳамзамон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида  буд.

 

Июль 21, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад