Дар Душанбе Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 3, 2018 11:53

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз баргузории ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Форум, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  доир шуд, намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Форум бо мақсади баррасии дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии тайи солҳои (2017-2018) бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва дурнамо барои солҳои минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлат  ва Ҳадафҳои рушди устувор доир гардид.

Дар ин замина, вазорату идораҳо якҷоя бо шарикони рушд дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тадбирҳои таъминкунандаи рушд ҷиҳати таъмини ислоҳот дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва саҳми бахши хусусӣ, самаранокии саноати кишвар – асоси гузариш аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ, тақвияти неруи инсонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, идораи хатарҳои офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим  пазируфта, хулоса ва пешниҳодҳои мушаххасро барои ҳамкории оянда манзур  намуданд.

Таъкид гардид, ки барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, се давраи миёнамуҳлат пешбинӣ шудааст, ки давраи аввали он гузариш аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрии иқтисодиёти кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ки ба сармоягузориҳои рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда асос ёфтааст, чун заминаи марҳилаи мазкур баромад мекунад. Модели мазкур ба механизмҳои самараноки институтсионалӣ, ки ба тақвияти ислоҳот дар тайёр кардани мутахассисони муосири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор имкон медиҳад, такя менамояд.

Ҳамчунин ин модел бояд такондиҳандаи афзоиши босуръати соҳаи саноат, кишоварзӣ ва молиявӣ гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави кории дорои дараҷаи баланди истеҳсолӣ, баромадан ба бозори нави содиротӣ ва кам кардани вобастагии кишвар аз интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат менамояд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни Форум, амалӣ намудани модели мазкур бояд ба мувозинати бахшҳои асосии рушди устувор – бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ такя намуда, ба вусъати имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии мардону занон мусоидат намояд.

Июль 3, 2018 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид