ДАР ДУШАНБЕ КӮЧА ВА ТЕАТР НОМИ МАЯКОВСКИЙРО ДОРАНД… Ба 125-солагии шоир, драматург ва публитсисти маъруф бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз мавлуди шоир, драматург, публитсист ва рассоми моҳир Владимир Маяковский 125 сол сипарӣ мегардад. Ӯ аз зумраи адибони маъруфи рус мебошад, ки бо офаридаҳои беназираш дили миллионҳо нафар хонандагонашро тасхир намуда буд.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «Маяковский бо маҳсули эҷоди худ ба дунёи адабиёти рус таровати дигар зам намуд. Сабки эҷоди ӯ аз Сергей Есенин, Александр Пушкин ва Александр Блок ба куллӣ фарқ мекард».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, адибони тоҷик, ба мисли Пайрав Сулаймонӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷумлаи пайравон ва давомдиҳандагони сабки реалистии Маяковский ба шумор мераванд.
Эҷодиёти ин адибон аз нигоҳи услуб ва мазмун ба ашъори Маяковский шабеҳ мебошанд.
Бо пайравӣ ба Маяковский онҳо тавонистанд ба шеъри тоҷик тағйироти нав ворид сохта, онро ба сабки реалистӣ наздик созанд. То ин дам шоирони тоҷик танҳо шеърҳои тавсифӣ эҷод мекарданд.
Яке аз адибони сабки реалистӣ Пайрав Сулаймонӣ мебошад, ки дар тӯли ҳаёти кӯтоҳи худ, ки ҳамагӣ 34 сол умр дид, тавонист аз худ ашъори зиёде боқӣ гузорад. Бояд гуфт, ки ин сабкро Пайрав Сулаймонӣ дар пайравӣ ба В. Маяковский пеш гирифта буд.
«Тавре духтараш Гулчеҳра Сулаймонӣ ба ёд меовард, ӯ ба сабку услуб ва маҳорату эҷодиёти Маяковский арҷи баланд мегузошт»,- иброз намуд Ато Мирхоҷа.
Ҳабиб Юсуфӣ на танҳо адиб ва драматург, балки аз зумраи адибони ватандӯст буд. Ӯ пайваста дар ҷустуҷӯи эҷодиёти нав буд.
Ҳабиб Юсуфӣ ва Пайрав Сулаймонӣ на танҳо сабки Маяковскийро дар Тоҷикистон ба адабиёт ворид карданд, балки дар пайравии ӯ шеърҳои ватандӯстона эҷод намуда, бархе аз шеърҳои худро ба ӯ бахшиданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ашъори ин ду шоири ширинкаломро дар тамоми мактабҳои таҳсилотӣ меомӯзанд.
Хуллас, шоири шаҳир Владимир Маяковский дар тӯли ҳаёти кӯтоҳи худ шеърҳои зиёде навишт. Ӯ бо тамоми ақлу хирад ва сифатҳои баланди инсонӣ ба навиштани шеърҳои ватандӯстона кӯшиш мекард, то эҳтирому дӯстдорияшро нисбат ба Ватан бо шеър ифшо созад, то Ватанашро ҳамеша ободу зебо бубинад. Дар Тоҷикистон низ ин шоири ватансароро дӯст медоранд. Ин аст, ки ба поси хотири ӯ дар шаҳри Душанбе кӯча ва театр номи ӯро гирифтаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






