ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар»: «Ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани қотили Ҳувайдо Тиллозода тамоми чораҳо андешида мешаванд»
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба маводҳои нашрнамудаи АМИТ «Ховар» ва дигар воситаҳои ахбори омма оид ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, духтарчаи панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпуховои вилояти Москва, имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷасади Ҳувайдои хурдсол 23 июл дар шаҳри Серпуховои вилояти Москва дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан дарёфт карда шуд. Духтарча 22 июл ҳангоми сайру гашт дар саҳни бинои истиқоматӣ, ки дар он оилаи ӯ зиндагӣ мекунад, ғайб зада буд. Субҳи барвақти рӯзи дигар гурӯҳи ҷустуҷӯии ихтиёриён ва кормандони полис бо саги хидматӣ як бастаи варзиширо пайдо намуданд, ки дар он ҷасади тифли ноболиғ буд.
Бино ба иттилои Раёсати кумитаи тафтишотии вилояти Москва, бо гумони содир намудани куштор ва инчунин таҷовуз сокини маҳаллии 28-сола Александр Сёмин боздошт шудааст. Ӯ дар як бино бо оилаи қурбонӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҳуҷраи ӯ изи пойафзол ва ангуштони духтарак пайдо карда шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия номаи ёддошт фиристода шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 23 июли соли равон аз ҷониби Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ оид ба вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардидааст.
Дар ин самт чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКД Федератсияи Россия шуруъ шудаанд ва ҳоло идома доранд.








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






