БЕҲТАР АЗ КӮҲҲО ТАНҲО КӮҲҲОЯНД. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон

Август 8, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардидани соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати миллии ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» интиқоли лавозимоти сайёҳони кӯҳнавардро ба таври ройгон роҳандозӣ намудааст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз 8 август ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардонро таҷлил менамояд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  Тоҷикистон дар радифи кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳнавардӣ даромади зиёд ба даст орад,  зеро  кишвари мо ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳҳо ташкил медиҳад, бо табиати зебою нотакрораш  қалби садҳо сайёҳони хориҷӣ, хусусан кӯҳнавардони ҷаҳонро тасхир  намудааст.  Аз ин ҷост,  ки ҳамасола садҳо сайёҳони кӯҳнавард ба сарзамини Тоҷикистон ташриф оварда,  аз зебоиҳои дилфиреби қулласорон ва табиати биҳиштосои кишварамон  ҳаловат мебаранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади  рушди соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидаанд, дар мавзеҳои куҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат мебошад, меҳмонхонаҳои хурд –ҳостелҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд карда шудааст.  Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат «Барномаи  рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020»  қабул гардид, ки он ба рушди сайёҳӣ, хусусан кӯҳнавардӣ мусоидат менамояд.  Инчунин ҳамасола  дар моҳҳои июл ва август дар кӯҳҳои Помир барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландиаш 7 ҳазору 495 метрро ташкил медиҳад,   экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон гузаронида мешавад, ки сайёҳон-кӯҳнавардони хориҷӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон,  аз ҷумла,  Россия, Амрико, Шветсия, Франсия ва ғайра иштирок мекунанд. Дар соли равон дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнаварадон  100  нафар кӯҳнавардон аз  10 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Алҳол  80 фоизи  ширкатҳои сайёҳии  мамлакат  хатсайрҳои худро ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ нигаронидаанд. Дар Тоҷикистон мавзеҳои зебоманзар ба мисли  Ҳафткӯл, Сари Хосор, Гармчашма,   Искандаркӯл, Хоҷа –Оби Гарм ва дигар ёгориҳои таърию бостонӣ мавҷуд аст, ки   бештари сайёҳони хориҷӣ-кӯҳнавардон   тавассути автомобилҳои кӯҳгард дар мавзеҳои  кӯҳсор сайругашт менамоянд. Инчунин аз дучархаҳо низ истифода мебаранд. Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари кӯҳнавардон низоми дастрасӣ ба  раводиди электрониро ҷорӣ намудааст.

Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари  сайёҳон –кӯҳнавардон ба кишварамон аз тамоми имконияту шароитҳои мусоиди туристии сарзаминамон истифода намуда, ҷиҳати паҳн намудани иттилоот ва маҳсулоти туристӣ ва дар ин замина муаррифии дастовардҳои сайёҳии кӯҳнавардии Тоҷикистон ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар Германия, Россия, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб  ва дигар кишварҳои ҷаҳон доир мегарданд, фаъолона иштирок менамоянд. Ин амалҳо  барои муаррифии бештари имкониятҳои бахши сайёҳии мамлакат хоса кӯҳнавардӣ  мусоидат менамояд. Инчунин барои донишҷӯёни бахши сайёҳии донишгоҳҳои мамлакат ва сокинони маҳаллӣ омӯзишҳо ҷиҳати  муошират  ва хизматрасонӣ ба сайёҳон-кӯҳнавардон ва дар ин замина омода намудани роҳбаладон гузаронида мешавад. Ин раванд қадами муҳимест ҷиҳати рушди сайёҳии  кӯҳнавардӣ ва тақвияти мавқеъ ва нуфузи сайёҳии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои минтақа  ва ҷаҳон.

Мавриди зикр аст, ки 8 августи соли 1786 бори нахуст табиби швейтсарӣ  Мишел Габриел Пакард (1757-1827) ва шикорчӣ, роҳбалади кӯҳӣ Жак Балма (1762-1834)  аввалин шуда дар байни кӯҳнавардон нуқтаи баландтарини кӯҳи Алп- қуллаи Монбланро, ки дар баландии 4810 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, фатҳ намуданд.  Аз ҳамон рӯз инҷониб ҳамасола дар саросари ҷаҳон 8 август чун Рӯзи байналмилаии кӯҳнавардон таҷлил мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
хабарнигори АМИТ

 

Август 8, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд