«САРВАТИ ИНСОНӢ – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР!». Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон

Август 2, 2018 12:22

ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба парлумони мамлакат 22 декабри соли 2017 чунин таъкид намуда буданд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад».

Дар робита ба ин мавзуъ мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Нуралӣ СОЛЕҲОВро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Номи давлати Ҷопон барои  ҳамаи мо ошност. Солҳои Шӯравӣ одамон ҳавас мекарданд, ки магнитофонҳои ҷопонӣ дошта бошанд. Баъдтар ҷои магнитофонҳоро видеомагнитофонҳо гирифтанд, телевизорҳои плазмавӣ муд шуданд. Навъҳои беҳтарини ин гуна молҳо ҳама аз Ҷопон  буданд. Ҳоло низ  ҷопониҳо дар истеҳсоли маҳсулоти электроника, компютер, телефонҳои дастию хонагӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, беҳтарин навъҳои автомобил, техникаи гуногун ва хеле чизҳои дигар ба худ ҳамто надоранд.

Маҳсулоти онҳо назар ба ҳамин гуна молҳои дигар давлатҳои пешрафта арзонтар аст. Барои ҳамин ҳаридорҳояшон байни мардуми олам бисёранд. Замоне буд, ки онҳо тамоми бозорҳои ҷаҳонро забт карда буданд. Имрӯз, албатта, вазъ барои онҳо каме дигар шудааст, ҷояшонро дар бозор молҳои Чину Куриёи Ҷанубӣ, Индонезия, Малайзия ва давлатҳои аврупоӣ то андозае танг карданд. Вале бо вуҷуди он, ҳоло ҳам барои мо моли ҷопониро ба даст овардан ба маънои чизи беҳтаринро соҳиб шудан аст.

Ҷопон дар  гузаштаи на чандон дур солҳои пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон як давлати ақибмондаи феодалӣ номаш он қадар маъруф набуд. Ва  умуман, ин давлат аз лиҳози сарватҳои табиӣ хеле камбағал аст. На оҳан дораду на газу нафт, на  чизҳои дигари барои тараққиёти як сарзамин зарурӣ. Пӯшида нест, ки бисёр давлатҳо аз ҳисоби истихроҷу баҳрабардорӣ аз ҳамин сарватҳои қаъри замин пеш рафтаанд. Ҷопон бошад, ҳамаи ин чизҳоро аз дигарон  мехарад, бо нархи қимат, гоҳо аз нуқтаҳои барояш дури ҷаҳон. Вале аз ин ашёи хоми харида чизҳое мебарорад, ки ҷаҳон аз дидани онҳо ба ҳайрат  омадааст. Хароҷоти барои ашёи хом кардааш ҳам пеши даромадҳои ба даст овардааш ночиз метобанд.

Пас, сабаби пешрафти Ҷопон дар чист? Дар дасти одам, дар ҳунар, илму дониш. Онҳо ашёи хомро харидаю коркард намуда, ба мардум дар саросари дунё беҳтарину серталабтарин чизҳоро арза медоранд. Давраҳое буданд, ки Ҷопон дар кишоварзӣ, автомобилбарорӣ, саноати электроника дар ҷаҳон сарқофила буд. Ҳоло ҳам мавқеашро он  қадар бой надодааст, қатори ҳафт давлати аз ҳама тараққикардаи олам қарор дорад. «Дасти одам-гул» мегӯянд. Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст.

Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон Ҷопон иттифоқчии Олмон буд. Онҳо ҷангро бой доданд. Тавре болотар гуфта будем, Ҷопон солҳои пеш аз ҷанг он қадар кишвари пешрафта набуд, асоси иқтисодиёташро солҳои кишоварзӣ ташкил медод. Баъди ҷанг бошад, мамлакат ба хок яксон шуд, аз он ободиҳои пешина ному нишон намонд. Махсусан баъде, ки бомбаҳои атомии партофтаи америкоиҳо шаҳрҳои бузургаш-Хиросима ва Нагасакиро хароб карданду аҳолии зиёдашро нобуд сохтанд. Хулоса, Ҷопон ба як мулки рӯ ба раҳми Худо табдил шуд, аз ояндаи он умеде набуд.

Баъди ҷанг Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дафъатан ба ин кишвар барои барқарор кардани иқтисодиёташ 25 миллиард доллар ҷуброни зарари расонидаашро пардохт намуд. Ҷопониҳои дурандеш ин пулҳоро барои суди якрӯзаю дурӯза, барои шикам сарф накарданд. Иқтисоди воқеиро то замони муайян канор гузоштанд. Пул асосан ба рушди маориф равона шуд. Ба таълиму тарбияи насли наврас, ба тайёр кардани мутахассисон ва кадрҳои коргарии соҳаҳои гуногун. Наврасону ҷавонон, ки соҳиби илму дониш ва ҳунар шуда буданд, дар эъмори иқтисодиёти баъдиҷангии Ҷопон таҳкурсии асосӣ гардиданд. Давлат ба соҳибкорон тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буд ва кумакашон мекард. Дар натиҷа, аз анҷоми ҷанг дере нагузашта дар охири солҳои панҷоҳуми асри пешин Ҷопон аллакай дар киштисозӣ ба ҷойи якуми ҷаҳон баромад. Асри «тиллоӣ»-и сарзамини «тулӯи офтоб» шурӯъ шуд.

Мақсад аз овардани ин руҷӯи воқеӣ тафсиру таърифи Ҷопон нест, балки мехоҳем тавассути он афкори хонандаи ҳушмандро ба истифодаи сарвати инсонӣ ва аҳамияти вижаи таълиму тарбияи кадрҳои соҳибихтисос дар шароити буҳронӣ ҷалб созем.

Басо хуш аст, ки Пешвои муаззами миллати мо аз нахустин давраҳои соҳибистиқлолӣ ба бунёди ҷомеаи навин иқдом карда, ҳамин таҷрибаи собитшудаи ҷаҳониро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии хеш қарор доданд. Ва вақте кас ғамхориҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакатро нисбат ба мактабу маориф, наслҳои наврасу ҷавон мебинад, беихтиёр ҳамин давраи рушди давлати Ҷопон пеши назар меояд.

Итминон дорем замоне фаро мерасад, ки Тоҷикистони азизи мо ҳам мисли ин кишвар дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой мегирад. Охир, мо магар ҳамин даҳ-понздаҳ сол пеш орзу карда метавонистем, ки рӯзе меояду Тоҷикистон роҳи бунёди иқтисоди саноатию аграриро пеш мегирад? Пой ба пои кишварҳои саноатии ҷаҳон мезанад? Имрӯз бошад, бо итминон мегӯем, ки ин кор шуданист ва вазифаи мазкур аллакай дар Стратегияи миллии рушди то соли 2030 ҷой гирифтаасту кишвари моро ояндаи дурахшоне дар пеш аст.

Барои ин мо тамоми заминаҳоро дорем. Аз сарватҳои табиӣ низ бенасиб нестем. Қаъри заминамон як ганҷинаи бузурги ҳанӯз нокушодаву  фатҳ нашудааст.

Вале сарвати аз ҳама қиммати мо – одамонанд яъне нерӯи инсонист. Ин гапро на фақат мо мегӯем. Ин гап аз забони онҳое низ садо додааст, ки кишварҳояшон бо камбуди ҳамин нерӯи инсонӣ, ба буҳрони нуфус мувоҷҷеҳ гардидаанд. Аҳамияти бузурги нерӯи инсониро Сарвари муаззами кишварамон дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид мекунанд. Зеро ҳамаи ободиҳо бо нерӯи инсонӣ арзи ҳастӣ мекунанд.

Агар фарзандони мову шумо чаласавод бошанд, илму дониш нагиранд, ҳунареро наомӯзанду фаҳми кореро нараванд, беҳудагардӣ кунанду вақташонро бо машғулиятҳои барои худашону ҷамъият норавою нодаркор зоеъ созанд, сарватҳои табиии моро дар ниҳояти кор дигарон истифода мебаранд, дар корхонаҳоямон, дар заминамон дигарон кор мекунанду файзу баракат мебинанд. Мо бошем, тамошогари ин ҳама бадбахтиамон мешавему бас.

Ҳеҷ аз ёд намеравад, чанд сол пеш Сарвари давлатамон дар яке аз суханрониҳояшон ҳолатеро мисол овардаанд, ки аз сабаби надоштани соҳибихтисосҳо барои иҷрои вазифае дар як сохтмони азимамон ночор аз хориҷа мутахассисон даъват шудаанд. Президенти мамлакат бо нигаронию дард аз нарасидани дорандагони оддитарин ҳунарҳои коргарӣ дар кишварамон сухан гуфта буданд. Ин ташвишҳо, албатта, беасар намондаанд ва имрӯз назар ба пешина хеле беҳтар шудааст. Аммо бо вуҷуди он, барои хотирҷамъӣ ҳанӯз хеле барвақт аст ва мактабу маориф, касбу ҳунаромӯзӣ, тарбияи мутахассисони нодир ҳамеша дар маркарзи диққати давлату ҷомеа қарор дорад.

Ҳар сол дар мамлакат садҳо мактаб бунёду таҷдид мешаванд, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд. Барномаҳои давлатии  компютеркунонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ амалӣ гардонда мешаванд. Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар буҷети кишвари мо, одатан, зиёда аз нисфи он ва аз байни ин соҳаҳо бошад, маблағгузории маориф ҳаҷми аз ҳама бештарашро ташкил медиҳад. Худи ҳамин  ҳолат гувоҳ аст, ки дар давлати мо ба вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, ба рушди нерӯи инсонӣ чӣ гуна эътибори зиёд дода мешавад.

Дар Паёми соли гузаштаи Пешвои миллатамон ба Маҷлиси Олӣ рақамҳои қобили таваҷҷуҳ оварда шудаанд. Зикр гардидааст, ки давоми солҳои  истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёд ё азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шудаанд. Соли 2016 201 бинои таълимӣ сохта ва ё таҷдид гардидаанд. То истиқлолият дар Тоҷикистони мо ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ буданд, ки 70 ҳазор нафар донишҷӯ доштанд. Ҳоло ин гуна муассисаҳо 39-то ва миқдори донишҷӯён дар онҳо 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Ҳамаи ин мисолҳо баёнгари онанд, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба донишандӯзию ҳунаромӯзии наслҳои наврасу ҷавон ғамхорӣ карда, барои фардои кишвар заминаи устувор муҳайё мегардонанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва маорифпарваронаи худ илму маорифро ҳамчун пойдевори рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳисобида, дар соҳаи маориф бо роҳи гузаронидани ислоҳоти мухталиф, аз ҷумла андешидани тадбирҳои зерин, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд:

  • таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таълимии нави таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, низоми дузинагии таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат ва магистратура);
  • таҳия ва мавриди амал қарор додани нақшаву барномаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • идомаи таъмири асосии мактабҳо ва сохтмони мактабҳои нав дар тамоми гӯшаву канори мамлакат;
  • рушд ва инкишоф ёфтани шабакаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ;
  • таҳия ва нашри китобҳои дарсии нави таълимӣ ва ғайра.

Яке аз роҳҳои муътамади таҳияи мутахассисони ихтисосҳои нодиру замонавӣ дар  заминаи макотиби олии кишварҳои хориҷа таҳия намудани онҳо мебошад. Ҳоло  ҳар сол тавассути амалӣ гардидани  созишномаҳои ҳамкорӣ дар риштаи таҳияи мутахассисон бо кишварҳои мухталифи дунё ба донишгоҳу марказҳои  хориҷи кишвар зиёда аз 6500 нафар ҷавонон сафарбар мешаванд. Онҳо низ дар оянда як нерӯи бузурги пешбарандаи иқтисодиёти ҷомеаи мо хоҳанд шуд.

Намунаи бемисли таҳаввулоти азими соҳаи илму маорифи муосири ҷумҳуриро мо дар мисоли ғамхории ҳамарӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамасолаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мебинем. Пешвои миллат, ки худ ташаббускори ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат, ки дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия ҷои махсус дорад, мебошанд, бо роҳандозӣ намудани фаъолияти мунтазаму босубот ва самарабахши марказҳои нав, аз ҷумла маркази тадқиқотҳои геополитикӣ, маркази фарҳангии Донишгоҳ, маркази муқовимат алайҳи терроризму экстремизм, марказҳои алоҳидаи забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, маркази захиравии сайёҳӣ ва ғайра бешубҳа имрӯз аз ҷумлаи дастовардҳои Донишгоҳ буда, ин марказҳо ба раванди муосири таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии мутахассисони оянда созгор мебошанд.

Ба раванди таълиму тарбия, бахусус фаъолияти Маркази забон ва фарҳанги рус, Донишкадаи такмили ихтисос ва мактаби таҳсилоти ҳамагонии Донишгоҳ, ки ҳамчун бунёдҳои ёрирасони ҷараёни омӯзишу такмили ихтисос ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, ки минбаъд донишҷӯёни ояндаи Донишгоҳ хоҳанд буд, ҳамеша таваҷҷуҳи хосса медиҳанд.

Мо ифтихор менамоем, ки дар маҷмӯъ Донишгоҳи моро фазои созандагиву бунёдкорӣ, фазои навовариву ихтироъкорӣ, муҳити ҳамбастагиву муттаҳидӣ, ки хоси ҷомеаи имрӯзаи муттамадини Ватани азизи мост, фаро гирифтааст.

Таъсиси Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» низ аз иқдомҳои бевоситаи Сарвари давлат аст.

Тоҷикистон  кишвари ҷавонон аст. Дар мо синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил медиҳад. Ин хушбахтии миллат аст, ки мо захираи қавии инсонӣ барои рушди фардоямон дорем.

Дар Аврупо бисёр миллатҳое ҳастанд, ки пир шудаанд, аз рушд боз мондаанд. Насл ба ҷои афзун гардидан, кам  мешаванд. Аксари  аҳолии он ҷойҳоро калонсолону нафақахӯрон ташкил медиҳанд. Мушкилии демографии мазкур дар навбати худ барои онҳо мушкилиҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ-масъалаҳои таъмини нафақа, пур кардани ҷойҳои корӣ ва амсоли инҳоро ба миён овардааст.

Хушбахтона, аз ин ҷиҳат мо сармояи фаровони инсонӣ барои рушдамон дорем. Фақат ин сармоя бояд оқилона истифода шавад. Насли навраси мо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ асосҳои илму донишро амиқ биомӯзанд. Баъди хатми он ба муассисаҳои олию миёнаи касбӣ, ҳунаристонҳо шомил шуда, пешаҳои интихобнамудаи хешро ба пуррагӣ фаро бигиранд. Касбҳои замонавӣ ва  барои имрӯзу фардои кишвари мо даркориро аз худ кунанд.

Кас дар сурате ба ин роҳ меравад, ки таърихи Ватани хешро донад, худшиносу ватандӯст ва дорои сифатҳои олии ахлоқӣ бошад. Ин зимнан, донишомӯзӣ, тарбияву ташаккули маънавиётро дар радифи донишҳои техникию касбӣ талаб мекунад. Ана ҳамин тавр кас дархури ниёзмандиҳои ҷомеа гардида, барои худаш ҳам зиндагии обод ташкил мекунад. Ҷавонони мо ҳамарӯза мебинанд, ки касоне бо ин роҳ нарафтаанд, мактабро сараму дилам тамом кардаанд, донишу ҳунар надоранд, оқибат таҳти таъсири доираҳои нобобу ҷинояткор ба шуғлҳои зиёновар рӯ оварда, аз бесаводию тангназарӣ ба доми фиреб афтода, имрӯзҳо дар Сурия ба ифротию террорист табдил ёфтаанд. Фарҷоми кори ин гуна ҷавонон ба ҳама маълум аст.

Ҳар касе ҳоло аз пайи омӯзиши пешаест, онро бояд, қабл аз ҳама, хуб аз худ кунад, то худаш ҳам, ҷомеа ҳам, фардо аз ин кор баҳра бигиранд. Маҳз ҳамин гарави пешрафти ҷомеа ва кишвар  мешавад. Тасаввур кунед, ки агар имрӯз ҳамаи одамони машғули касбу кор аз уҳдаи вазифаҳояшон ба пуррагӣ мебаромаданд, сатҳи пешрафти ҷомеаи мо дар он сурат чӣ хел болотару мукаммалтар мешуд. Барои ин бошад, пеш аз ҳама, донишҳои мукаммал заруранд.

Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ дорем, ки  компютерҳо ҷараёнҳои технологиро идора мекунанд, мураккабтарин мошину  дастгоҳҳо месозанд, принтерҳои саноатӣ аз рӯи барномаи додашуда автомобил тавлид мекунанд. Барои иҷрои ин корҳо қувваи дасту бозу дигар чандон зарурат надорад, фақат дониш. Бинобар ҳамин агар хоҳем, ки аз замона ақиб намонем, бояд дониш омӯзем, дигарон, атрофиёнамонро ба ин кор ташвиқ созем, мактабу маорифамонро ба зинаҳои торафт баландтари рушд раҳнамоӣ кунем.

 

Нуралӣ СОЛЕҲОВ,
ректори Донишгоҳи славянии
Россия ва Тоҷикистон

Август 2, 2018 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад