Шоми имрӯз 89-умин мавсими театрӣ бо намоиши «Ишқи нобино» ифтитоҳ мегардад

Август 28, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 28 августи соли равон соати 18:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кушодашавии 89-умин мавсими театрӣ баргузор мегардад. Аҳли эҷоди театри мазкур мухлисони худро бо намоиши нави «Ишқи нобино» пешвоз мегиранд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, асари «Ишқи нобино» ба қалами нависанда Маҷид Салим тааллуқ дошта, онро Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон рӯи саҳна овардааст.

Намоиш дар бораи ишқи поки ҷавони нобино ва духтари зебо нақл мекунад. Дар намоишнома дӯстдоштагон мехоҳанд оиладор шаванд, аммо волидон ва атрофиён ин нияти онҳоро дастгирӣ намекунанд.  Дар охир оё дилдодагон ба ҳамдигар мерасанд? Пас аз тамошои намоишнома маълум мегардад.

Дар нақшҳои асосӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешагон Насриддин Асадуллоев, Савлатмо Ақназарова, Исфандиёр Ғуломзода ва Умедҷон Бобомуродов ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки «Ишқи нобино» бозгӯкунадаи арзишҳои неки ҷаҳони маънавӣ, хидмати тиббӣ, ишқу муҳаббати пок мебошад. Ин асар драмаи иҷтимоӣ буда, дар он  бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои  илмию тиббӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Август 28, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад