Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

Сентябрь 20, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷаласаи 79-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  таҳти роҳбарии  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи Созишнома дар бораи савдои озод, омодагӣ ҷиҳати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак дар соҳаи омӯзиш ва истифодаи сулҳомези фазои кайҳон, протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамкорӣ дар рушд ва истифодаи низомҳои алоқаи сайёр ва дар бораи табодули маълумот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои маъмурикунонии андоз ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба таъсис ва фаъолияти марказҳои миллии намоишию савдо дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, як зумра масъалаҳои молиявию ташкилиро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Имомуддин Сатторов  ширкат варзиданд.

Дар анҷоми ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 7 декабри соли 2018 дар Москва баргузор мегардад.

Сентябрь 20, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид