ҲАЙВОНОТИ НОДИР — МУАРРИФИ ТОҶИКИСТОН: Соли равон барои шикори 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бурсия (квота) муқаррар гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи бисёр сайёҳон ба кишварҳои кӯҳсор, аз ҷумла, Тоҷикистон — машғул шудан ба шикори ҳайвоноти нодир мебошад. Дар Тоҷикистон барои ин намуди шикор аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бурсияҳо (квота) ҷудо карда мешаванд, ки он ҳам барои рушди сайёҳӣ ва ҳам ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 12 сар бузи пармашох (морхӯр), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) ва 10 сар хирси малла (дар ҳолати таҳдид ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин) квота ҷудо гардид. Дар ин бора сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои номбурда, арзиши квота барои (як сар) гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 45 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох (морхӯр) — 241 ҳазору 378 сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 2 ҳазору 220 сомонӣ ва хирси малла 9 ҳазору 249 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар ҳолати гузаронидани мусобиқа оид ба шикор нархи квота то 25 ҳазор доллар баланд бардошта мешавад.
«Тибқи санҷише, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои ҶТ анҷом доданд, ҳоло саршумори гӯсфанди Марко Поло 26 ҳазор, бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) 3 ҳазор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 600 ва хирси малла тақрибан ба 900 сар баробар мебошад», -иттилоъ дод Абдуқодир Маскаев.
Ба хотири пешниҳоди маълумоти бештар оид ба ин чор ҳайвони нодире, ки дар боло номбар шуданд, маълумоти вижаро, ки бо истифода аз «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва дар натиҷаи суҳбат бо мутахассиси соҳа омода шудааст, пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Гӯсфанди Марко Поло
Тибқи маълумоти «Китоби сурхи Тоҷикистон», гӯсфанди Марко Поло ҷуфтсум буда, ба оилаи шохковокҳо дохил мешавад. Он ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст.
Зернамуди гӯсфандҳои ваҳшиест, ки дар ҳудуди Помири Шарқӣ – қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикул, Зулумарт, Пасиолой паҳн гардидааст.
Онро дар баландии беш аз 3500 м аз сатҳи баҳр низ вохӯрдан мумкин аст.
Солҳои 60уми асри гузашта саршумори гӯсфанди Марко Поло тақрибан 70 ҳазор сар баҳогузорӣ карда шуда буд. Тибқи баҳисобгирии соли 2009, саршумори он 24 ҳазор ва, ба гуфаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев, «баҳисобгирии соли 2017-18 нишон дод, ки 26 ҳазор сарро ташкил медиҳад».
Ба иттилои олимон ва маттахассисони соҳа, гӯсфанди Марко Поло дар шароити табиӣ то10-12 сол умр мебинад.
Соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло квота ҷудо гардидааст, ки нархаш 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бузи пармашох (морхӯр)
Бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) низ ҷфтсум буда, ба оилаи шохковокҳо дохил мешавад.
Ин ҳайвони нодир низ ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди бузро дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз, мавзеъи ЯхчипунЗиғар, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, кӯҳҳои Кишваристон, мамнуъгоҳи «Даштиҷум», атрофи Сариғор, Хирманҷо ва Кишт, инчунин дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак дидан мумкин аст.
Бино ба маълумоте, ки дар «Китоби сурхи Тоҷикистон» омадааст, бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) дар баландиҳои 700-2700 м. аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Ба иттилои мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 60уми асри гузашта саршумори бузи пармашох (морхӯр) 700 сар ҳисоб карда шудааст. «Мувофиқи баҳисобгирии соли 2014 саршумори умумии он 1200 ва соли 2017-18 3 ҳазор сарро ташкил медиҳад»,-илова намуд манбаъ.
Соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои як қарор барои шикори ин ҳайвони нодир 12 квота ҷудо намуда, нархи яктои онро 241 ҳазору 378 сомонӣ муқаррар кардааст.
Гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал)
Гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) ба оилаи ҷуфтсумҳо ва шохковокҳо дохил мешавад.
Аз рӯи маълумоти «Китоби сурхи Тоҷикистон», он ҳам ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст.
Ин намуди ҳайвони нодир дар қаторкӯҳҳои Вахш, Туркистон, Ҳазратишоҳ, кӯҳҳои Қаратови Панҷ ва пасткӯҳҳои Оқтов, Буритов, Арунтов, Те реклитов, Сурхкӯҳ ва Сарсарак паҳн гардидааст. Ба таври маҳдуд дар қисмати ҷанубу ғар бии қаторкӯҳҳои Дарвоз низ вомехӯрад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) дар баландиҳои аз 450 то 2500 м. аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
«Солҳои 30-юми асри гузашта гурӯҳҳои алоҳидаи ин намуд иборат аз 100-150 сар дар кӯҳҳои Қаратови Панҷ ба қайд гирифта шудааст. Солҳои 70-80-ум саршумори он дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 1500 сар баҳогузорӣ карда шуд»,-омадааст дар «Китоби сурхи Тоҷикистон». Айни замон, — иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саршумори умумии он ба 600 сар расидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти нодир будани ин ҳайвон барои шикори он квота муайян намудааст. «Соли равон тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат, барои шикори 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) квота ҷуда шудааст, ки арзиши он 2 ҳазору 220 сомониро ташкил медиҳад»,-зикр намуд сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Хирси малла
Хирси малла ба қатори дарандагон ва оилаи хирсҳо дохил мешавад. Он ҳам мисли дигар ҳайвоноти нодир ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» шомил мебошад.
Тибқи маълумоте, ки дар «Китоби сурхи Тоҷикистон» омадааст, хирси малла дар минтақаҳоли кӯҳии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, Бадахшон ва Помири Шарқӣ паҳн гардидааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори умумии хирси малла дар солҳои 2017-18 наздик ба 900 сарро ташкил додааст.
Ба гуфтаи Абдуқодир Маскаев, соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори хирси малла 10 квота ҷудо гардидааст, ки арзиши яктои он 9 ҳазору 249 сомониро ташкил медиҳад.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»