Дар Душанбе Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Протоколи дахлдор оид ба сохтмони бинои Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҷониби Чинро Ёрдамчии Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ченганг раисӣ карданд.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ гардида, ба пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Ҷонибҳо муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, сайёҳӣ, бонкдорӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд.

Сентябрь 18, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд