Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкории «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» доир мегардад

Сентябрь 4, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили чорумин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-16 октябри соли равон дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе  Форуми чоруми байналмилалии  соҳибкории   Душанбе -2018 зери унвони   «Рушди  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои  муосири иқтисодӣ»   баргузор мегардад.

Ҳамоиши байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар матраҳ мегарданд. Форум барои муколамаи навбатӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳибкории инноватсионӣ дар мамлакат, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ки  дар доираи Форуми байналмилалӣ  «Рушди  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои  муосири иқтисодӣ» ҳамзамон 15 октябр дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши  соҳибкорони  Тоҷикистону Урдун, Форуми соҳибкорони  Тоҷикистону Франсия, Анҷумани   соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон  ва намоишгоҳи  маҳсулоти тавлидотии ватанӣ ташкил карда мешаванд.

Дар доираи Форум инчунин  баргузории дуюмин ҷаласаи  гурӯҳи кории  доимӣ оид ба  ҳамкории иқтисодиву  саноатӣ  байни Тоҷикистон ва Чехия, конфронси  миллӣ дар мавзӯи  «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон  ва ҳамватанони бурунмарзӣ  баҳри рушди кишвар», озмун-фестивали   ҷумҳуриявии  «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», намоиши  ҳунарҳои мардумии  гирандагони гранти Президентӣ ва конфронси  байналмилалии   «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ» дар назар аст.

                                                                       Марзия САИДЗОДА,
                                                                            АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд