Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт

Сентябрь 22, 2018 12:20

КӮЛОБ, 22.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи Рӯдакӣ субҳи  имрӯз дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  ки  донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомаде, ки бо ин мақсад доир гардид,  раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  Абдулло Ҳабибулло,  муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Раҳматулло Мирбобоев, шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони макотиби олию миёнаи шаҳр, инчунин донишҷӯён ширкат доштанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ дар назди иштирокдорони ин ҷамъомад  дар бораи аҳамияти осори Рӯдаки  барои миллати куҳанбунёди тоҷик ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки   осори устод Рӯдакӣ дар замони имрӯза, пеш аз ҳама, дар тарбияи ҷавонони  мамлакат, дар дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба   фарҳангу арзишҳои миллӣ,  доро шудан ба хислатҳои неки инсонӣ   нақши   муассир  дорад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин  ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  Абдулло Ҳабибулло зикр кард, ки  осори Рӯдакӣ  на танҳо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ низ ба манфиат хоҳад буд.

«Қомат афрохтани муҷассамаи Устод Рӯдакӣ дар назди донишгоҳи мо  шаҳомати   ин даргоҳро афзуда,  он ҳидоятест ба   донишҷӯёну сокинони шаҳр, ки мисли устод Рӯдакӣ ҳамеша тараннумгари  андешаҳои инсонпарварона ва номбардори миллат бошанд », — афзуд А.Ҳабибулло.

Ёдовар мешавем, ки  баъди  сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи Донишгоҳи давлати шаҳри Кӯлоб  ҳайкали устод Рӯдакӣ баъди навсозӣ  дубора  дар назди ин донишгоҳ  қомат афрохт.

Дар  фарҷоми чорабинӣ  ба як қатор фаъолони донишгоҳ,  ки дар  баланд бардоштани таълиму тарбия  саҳм гузоштаанд,  ифтихорномаву сипосномаҳо  тақдим гардид.

Сентябрь 22, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад