Эмомалӣ Раҳмон: «Барои Тоҷикистон рушди муносиботи устувор бо Озарбойҷони дӯст афзалиятнок аст»

Сентябрь 28, 2018 09:18

ДУШАНБЕ, 28.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои устувор бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил /ИДМ/, аз ҷумла бо Озарбойҷони дӯст бароямон аҳамияти афзалиятнок дорад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли равон дар доираи сафари  расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон зимни суханронӣ дар назди ҳайати устодону донишҷӯёни Академияи дипломатии Озарбойҷон баён доштанд.

Мусаллам аст, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз соли 1992 ибтидо гирифта, дар шароити кунунӣ маҳз бо иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои наҷибонаи Роҳбарони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон  Илҳом Алиев вориди марҳилаи сифатан нав гардиданд. Ҳамкории  устувори мутақобилан судманди ду давлат аз боздидҳои расмии сарварони баландпояи ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар дар солҳои 2007  ва 2012 ибтидо гиририфта, дар доираи ин сафарҳо самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, ки барои  ҳамкории дарозмуддат равона шудааст, муайян гардида буданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 дар таърихи ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон марҳилаи нав оғоз намуда, яке аз равандҳои асосии рушди ҳамкории дуҷониба дар даҳсолаи минбаъда эътироф гардид. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки моҳи августи соли равон ҷараён гирифт, дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа ва мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон такони ҷиддӣ  бахшид.

Дар доираи сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов ва дигар роҳбарони баландпояи ин кишвар мулоқот анҷом дода, вазъи феълӣ, дурнамо ва муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ  баррасӣ намуданд.

Зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку 12 санади нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расонида шуданд, ки фарогири тақвияти ҳамкории мутақобилан суманди Тоҷикистон  бо Озарбойҷон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, илму маориф, фарҳанг, низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, алҳол ду кишвар  дар арсаи байналмилалӣ дар доираи созмонҳои бонфузи байналмилаӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони  Ҳамкории Иқтисодӣ ва Комиссияи байниҳукуматии долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё ҳамкории  густурда дошта, шарикони боэътимоданд. Дар ин росто,   муколамаҳои пайвастаи сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мавҷудияти фазои боварию эътимоди байниҳамдигарӣ ба рушди бемайлони муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, ягонагию ҳамсонии мавқеи ду давлатро дар аксар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ собит месозанд.

Ҳамзамон ду кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, идеологияи радикалии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои амниятӣ мавқеи ҳамсон дошта, ҳамкориро дар ин самт тақвият мебахшанд.

Айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон  беш аз 40 ҳуҷҷатро дарбар гирифта, яке аз санадҳои  поягузор — Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 маҳсуб меёбад. Дар асоси Аҳднома дар зарфи солҳои сипаришуда заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким ва ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо рушд меёбанд. Дар ин замина Тоҷикистону Озарбойҷон дар бисёр масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи  ягона ва ё монанд доранд. Санадҳои байнидавлатии ба имзо расида заминаи ҳуқуқии ду кишварро тақвият бахшида, ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, андоз, гумрук, фаъолияти бонкӣ ва ҷалби сармоя равона шудаанд.

Самтҳои афзалиятнок дар ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ мебошанд. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар сол аз сол афзош ёфта, инчунин миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои ин Комиссия масъалаҳои мубрами муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуда, ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф муайян мегарданд. Фаъолиятти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобилаи ду кишвар арзёбӣ гардида,  ҳар ду давлат ба рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт- саноат, энергетика, нақлиёт, аграрӣ ва сайёҳӣ  мусоидат менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол байни ду давлат имконияту шароити мусоид барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, ҷалби ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии Озарбойҷон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва таъминоти маҳсулоти нафтӣ мавҷуд аст.  Ҳамзамон байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон робитаҳои байниминтақавӣ густариш ёфта, ҳамкории устувор миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа ба роҳ монда шудаанд.

Дар самти тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ дар парлумонҳои ҳар ду давлат Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамоянд.

Халқҳои тоҷику озарро аз қадимулайём анъанаҳои неку муштараки таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин робитаҳо  дар шароити  феълӣ тобиши нав гирифта,  беш аз пеш густариш меёбанд. Иштироки ҳайатҳои фарҳангии ҳар ду давлат дар конфронсу ҳамоишҳо  ва дигар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, инчунин баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳрҳои  Душанбе ва Боку шаҳодати барҷастаи таҳкими  равобити илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон маҳсуб меёбад. Хусусан санъати мусиқии миллии тоҷикону озариҳо, амсоли мусиқии классикии тоҷикӣ «Шашмақом», «Фалак» ва озарӣ «Муғам» ё «Ошиқ» хеле ба ҳам қаробат ва наздикӣ доранд. Инчунин робитаҳои  донишгоҳҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар асоси Созишномаи байни донишгоҳҳои олии ду кишвар фаъолона ба роҳ монда шуда, дар донишгоҳҳои бонуфузи Озарбойҷон донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, Ҷумҳурии Озарбойҷон мавқеи муҳим дошта, Тоҷикистон хостори рушду тавсеаи беш аз пеши ҳамкории самарабахш  бо ин кишвари қафқозист.

                                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2018 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд