«ЭЪТИМОДУ БОВАРӢ БАЙНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ САҲА КОҲИШ ЁФТААСТ». Чунин мушоҳида намудааст Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нишасти САҲА дар Варшава ширкат дошт

Сентябрь 15, 2018 14:35

ДУШАНБЕ, 15.09.2018./АМИМТ «Ховар»/. «Бовар ва эътимод миёни кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, рӯҳияи санади Хелсинки, ки асоси фаъолияти ин созмон аст, коҳиш ёфтааст», — иброз намуд дирӯз муовини якуми  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар суҳбат ба хабарнигори Радиои «Озодӣ».

Хотиррасон менамоем, ки пас аз ду сол ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии ҶТ Н. Зоҳидӣ дар нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ширкат намуд.  Соли 2016 ҳайти Ҳукумати Тоҷикистон бинобар иштироки намояндагони ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ», ки дар кишвари мо мамнуъ эълон шудааст, нишасти мазкурро тарк карда буд.

Мутаассифона, масъулони ин созмони бонуфуз, ки давлати Тоҷикистон низ узви комилҳуқуқи он аст, аз эътирози гузаштаи ҳайати Тоҷикистон хулосаи зарурӣ набароварданд ва имсол низ роҳбарон ва намояндагони ТЭТ «Ҳизби наҳзати исломӣ»-ро ба нишасти худ даъват намуданд ва барояшон минбару сухан доданд.

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар яке аз ҷаласаҳои ин нишаст иштирок ва суханронӣ намуд, аз бардошти худ аз ин нишаст дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» изҳор намуд, ки САҲА эътимодро миёни бархе аз давлатҳои аъзои худ аз даст додааст ва ҳайати расмии Тоҷикистон ин дафъа барои он ба Варшава омадааст, ки эродҳои худро ба масъулони созмон бирасонад.

Низомиддин Зоҳидӣ гуфт: «Мехоҳам таъкид кунам, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ ва муколама бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ қарор додааст.   Иштироки мо дар ҷаласаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҳамин сиёсат бармеояд. Он чизе, ки ба назар мерасад, ин аст, ки имрӯз ҳамон рӯҳияе, ки Ҳелсинки  (манзур: Созишномаи Ҳелсинки, ки 1 августи соли 1975 аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии 35 давлати дунё ба имзо расида, ба таъсиси САҲА ҳамчун форуми  доимамалкунандаи намояндагони давлатҳои (!) мазкур  асос гузошта буд – АМИТ «Ховар») дошт ва он асоси фаъолияти ин созмон аст, коҳиш ёфтааст. Бовар ва эътимод миёни кишварҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Ин чиз дар ҷаласаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон бармало эҳсос мешавад. Ба назари мо, яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани боварӣ ва эътимод — ин истифодаи арзишҳои духӯра (манзур: стандартҳои дугона –АМИТ «Ховар») дар арзёбии ин ё он падидаи сиёсӣ, дар арзёбии ин ё он ҳодисаю воқеа дар минтақаи САҲА аст. Дар арзёбии ҳодисаву воқеаҳо манфиатҳои ин ё он кишварҳо боло мегирад ва натиҷаи ҳамин аст, ки меъёрҳои дугона дар арзёбии ҳодисаву падидаҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Як мисоли бисёр рӯшани ин —  иштироки баъзе созмонҳо ва ҳаракатҳои  кишварҳои аъзои САҲА аст, ки террористиву экстремистӣ эълон шудаанд. Аз ҷониби онҳо истифода кардани минбари Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди интиқод ва эроди кишварҳои дигар ҳам қарор гирифт».

Мавриди зикр аст, ки аз иштироки аҳзобу ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар чунин ҷаласаҳои гузаштаи  САҲА   на танҳо ҳайати расмии Тоҷикистон, балки  вазирони корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров, Қирғизистон – Эрлан Абылдаев, Украина  — Павел Климкин ва дигарон низ бо шиддат интиқод карда буданд. Воқеан, чаро САҲА ҷинояткоронро ба паси мизи ҷаласаҳояш роҳ медиҳад?

Низомиддин Зоҳидӣ дар посух ба ин суол иброз дошт, ки барои гирифтани пеши роҳи ин кор бояд қоидаҳои даъвати созмонҳои ғайридавлатиро ба ҷаласаҳои САҲА таҷдиди назар намуд.  Ӯ гуфт:

«Масъулони САҲА  пеш аз ҳама ба  қоидаҳои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷаласаҳо такя мекунанд. Ин қоидаҳо имкон медиҳад, ки  чунин ҳаракатҳо ва  ҳизбҳо дар ин ҷо ширкат варзанд, ҳол он ки онҳо  аз ҷониби Созмони Ҳамкории Шанхай, аз ҷониби созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун ташкилотҳои  террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд. Кишварҳое, ки ба ин созмонҳо (манзур – СҲШ, СПАД, ИДМ – АМИТ «Ховар») ворид ҳастанд, имрӯз сиёсати ҷаҳонро муайн мекунанд, нуфузи хеле зиёд ба самтҳои сиёсату иқтисоди ҷаҳон доранд. Эътирофи инҳо натиҷаи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо далелҳои раднопазир дар бораи даст доштани ин ҳизб  (манзур: ТЭТ ҲНИ – АМИТ «Ховар») ба аъмоли террористиву экстремистӣ пешниҳод кардааст.

Низомиддин Зоҳидӣ мегӯяд:  «Гап дар сари он меравад, ки оиннома ва фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имрӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Бубинед, имрӯз дар бисёре аз гӯшаҳои олам  низоъҳо ҷараён доранд, доман паҳн мекунад, вале созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои минтақавӣ имкони нуфузу таъсир гузоштан барои ҳалли ин қазияҳоро надоранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна созмонҳо фаъолияташон бояд ба талаботи имрӯз мувофиқ гардонида шавад».

Хотиррасон менамоем, ки аз сабаби чунин муносибати САҲА ба мавқеи расмии давлатҳои аъзояш соли 2006 Вазири корҳои хориҷии ФР С. Лавров бори аввал дар чаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА аз эҳтимолияти аз сафи САҲА хориҷ шудани Россия сухан гуфта буд.

Соли 2007 Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон ва Ӯзбекистон лоиҳаи қатъномаро оид ба маҳдуд намудани фаъолияти Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба САҲА пешниҳод намуданд, аммо он қабул нашуд.

Бо вуҷуди ин, соли 2017, баъди иштироки намояндагони ТЭТ «ҲНИ» бо исрори Ҳукумати Тоҷикистон  САҲА фаъолиятҳои худро  дар Тоҷикистон маҳдуд намуд ва Бюрои САҲА ба Дафтари барномавии САҲА табдили ном кард…

Сентябрь 15, 2018 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд