Маҷлиси назоратӣ оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2018 15:24

ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли 2018 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ маҷлиси навбатии назоратӣ баргузор шуд.

Дар кори маҷлис сараввал  гузориши сардорони раёсатҳои коргузорӣ ва назорат, робитаҳои хориҷӣ, ҳуқуқ, мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳо давоми нуҳ моҳи соли 2018 шунида шуд.

Ҳамчунин дар кори маҷлис муовинони Роҳбари Дастгоҳ, сардорони раёсатҳои молия, рушди иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва бахши кадрҳо ҳисобот доданд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ баъди пешниҳоди гузоришу ҳисоботи сардорони раёсатҳо суханронӣ карда, фаъолияти раёсату идораҳоро ба таври амиқ таҳлилу натиҷагирӣ намуданд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба дастовардҳои мардуми кишвар дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳи соли 2018 ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, бахусус буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, имрўз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иқтисоди бозории пешрафтаву устувори миллӣ  сиёсати иҷтимоиеро дар ҳаёт татбиқ месозад, ки моҳияти башардўстона дошта, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва густариши арзишҳои демократӣ мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо дар баробари пешравиҳо дар кори раёсату идораҳо як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Барои саривақт ва босифат ислоҳ намудани камбудиҳо, дуруст ба роҳ мондани кори хуҷҷатгузорӣ, интизоми меҳнат, назорати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда, дар назди сардорони раёсатҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашну идҳои миллӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мулоқоти сарвазирони Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ба истифода додани навбати аввали  Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ичунин оид ба омодагии ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ, мактабу беморхонаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон  ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, таъмини иншоотҳо бо гармӣ, неруи барқ, захираи миқдори зарурии сӯзишворӣ ва маводи хӯрокворӣ, гузаронидани муоинаи тиббии мактаббачагон ва хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа  дастуру супоришҳои дахлдор  лозимӣ ироа гардиданд.

Дар охири кори маҷлиси назоратӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчунин барои қабули муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи роҳбарони аввали вазорату идораҳо, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли 2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, тозагии муҳити атроф, кўчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, насби шиору овезаҳо, назорати иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  дар назди масъулин  вазифаҳои  мушаххас гузошта шуданд.

 

Сентябрь 19, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид