Тавсеаи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон пайкест аз мактаби бузурги давлатдории тоҷикон

Сентябрь 26, 2018 14:16

ДУШАНБЕ, 26.09.2018/АМИТ «Ховар»/. «Беҳтар гардидан ва  таҳкими  робитаҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  на танҳо дар паҳнои  минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ фазои нави сиёсӣ ба вуҷуд оварда, боиси рушди муносибатҳои боэътимод ва самараноки давлатҳо ва намунаи барҷастаи ибрат  дар масъалаи ба ҳам омадани он кишварҳое гардида метавонад, ки байнашон ихтилоф вуҷуд дорад. Яъне,  аз таҷрибаи беназири ду ҳамсоякишвар дар самти таҳкими робитаҳои ҳасана ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ки  маҳз бо саъю талошҳои Сарварони оқилу дурандеши ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба даст омадааст, имрӯз дар муносиботи гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор  масъалаи ҳалношуда  боқӣ намондааст.

 Дар ин росто муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зубайдулло Давлатов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба беҳтар гардидани муносиботи байнидавлатӣ ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон сарони давлатҳои бархе аз кишварҳои ИДМ, назири Федератсияи Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баҳои баланд доданд. Ба андешаи коршиноси масоили таъмини амнияти иттилоотӣ, ба мисли миллатҳои тоҷику ӯзбек дар ҷаҳон кам халқу миллатеро пайдо кардан мумкин аст, ки дорои умумиятҳои  таърихию фарҳангӣ бошанд. Халқҳои тоҷику ӯзбекро аз қадимулайём умумиятҳои бои таърихию фарҳангӣ бо ҳам пайванд намуда, дӯстии ду шоири бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек- Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ шаҳодати барҷастаи гуфтаҳост.

Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд. Раванди таҳкими ҳамкорӣ миёни ду ҳамсоякишвар маҳз бо саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  сурат гирифт ва бевосита онро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Шавкат Мирзиёв ҷонибдорӣ намуд. Ин раванд  дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қарни 21 марҳилаи нав гардид, зеро сафарҳои давлатии Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои ҳамдигар, ки моҳҳои март ва августи соли равон ҷараён гирифтанд, аз маросими истиқбол то гусел хеле самимӣ ва дар фазои дӯстиву бародарӣ ва  ҳусни ҳамҷаворӣ сурат гирифт.

Мусаллам аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ки моҳи марти соли равон анҷом дода шуд, баъд аз музокироти сатҳи олӣ 27 Созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расонида шуданд, ки   ба паҳлуҳои гуногуни тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, ҳарбию низомӣ нигаронида шудаанд. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 орзуи деринаи мардумони ду кишвар, ки солиёни дароз аз баста будани сарҳад ва сафар дар асоси раводид азият мекашиданд,  ҷомаи амал пӯшид, зеро  16 гузаргоҳи сарҳадӣ байни марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  боз гардида,  барои сокинони ҳар ду давлат  ба муҳлати 30 рӯз рафтуомади бидуни  раводид ҷорӣ гардид. Ин иқдоми наҷиб дар самти тақвияти дӯстиву рафоқат, таҳкими риштаҳои хешу таборӣ ва ҳамсоягӣ, рушди тиҷорату иқтисодиёт, робитаҳои неки илмию фарҳангӣ заминаи боэътимод гардид.

Ҳамзамон барқарор намудани роҳи оҳани Амузанг –Хатлон, хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе – Тошканд, роҳандозии хастсайрҳои автомобилӣ тавассути автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масирҳои Хуҷанд –Тошканд, Панҷакент- Самарқанд, Душанбе-Деҳнав, Душанбе –Тирмиз  дар таҳкими робитаҳои коммуникатсионӣ, ки солиёни дароз гусаста буданд, нақши муассир гузошта,  дар рушди тиҷорату иқтисодиёти ҳар ду давалт ва рафтуомади сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар сабукӣ фароҳам овард, ки ин раванд ба манфиати ҳар ду ҳамсоякишвар аст.

Ҳамзамон дар доираи сафари давлатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 17-18 августи соли равон дар шаҳри Тошканд Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, ки ин санади муҳими байнидавлатӣ қадами устувору боэътимодест дар тақвият ва дурнамои равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи   муҳим ва амри таърихист, зеро чунин санадҳо асосан байни давлатҳое ба имзо  мерасанд, ки бо ҳамдигар аз ҷиҳати таърихӣ, мавқеъи сиёсӣ, иқтисодӣ,  илмию фарҳангӣ наздиканд.

Баъд аз имзои Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақоми муносибатҳои ду давлат–Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи баланд баромада, ҳамкории густурда дар қиёс бо дигар давлатҳо бо ин кишвар афзалият дода мешавад. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон,  Қазоқистон  ва Ӯзбекистон  Шартномаи шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст, ки аҳамияти бузургро дорост.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни  сафари  давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 17-18 августи соли равон сурат гирифт, 26 санади байнидавлатӣ- 17 Созишнома,  5 Аҳднома  ва ду Протокол дар шаҳри Тошканд ба имзо расонида шуданд, ки тамоми соҳаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, гуманитарӣ, техникӣ, ҳарбию техникиро дар бар мегиранд. Ҳамзамон ду кишвар дар самти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тасмим гирифтаанд, ки гардиши молро байни Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллар расонанд, зеро барои муваффақ гардидан ба ин иқдом байни ду давлат имконияту захираҳои фаровон  мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки алҳол дар Тоҷикистон 17  корхонаи муштарак, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд, дар бахшҳои гуногун фаъолияти густурда доранд.

Дар маҷмӯъ таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя -Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади  тамоми кишварҳои  ИДМ маҳсуб меёбад, нақши нақши калидӣ мебозад. Ин дар ҳолест, ки коршиносон тавсеаи равобити судманд ва тақвияти рушди муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар шароити муосири ҷомеаи байналмилалӣ  таҷрибаи мактаби хос ва бузурги   давлатдории тоҷикон арзёбӣ намудаанд, ки он аз аҳди сулолаи Сомониён сарчашма гирифтааст.

                                                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2018 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд