ТЕЪДОДИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 140 АДАД РАСИД! Дар Душанбе таҳти унвони «Сайёҳии байналмилалӣ- омили рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Сентябрь 29, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ  таҳти унвони «Сайёҳии байналмилалӣ- омили рушди устувор» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, шарикони рушд ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок доштанд.

Дар конференсия   раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода  зикр кард, ки   маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  захира ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.

Роҳбари Кумита иброз дошт, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардида, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳои ҷалби гурӯҳҳои нави сайёҳиро таҳия ва пешниҳод мекунанд.

«Дар ҳашт моҳи соли равон зиёда аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуда, аз имтиёзҳои фароҳам овардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бархурдор гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 140 адад расид»,- зикр намуд Н.Абдуғаффорзода.

Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён дошт, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардидааст. Зикр шуд, ки бо мақсади тараққӣ додани инфрасохтори сайёҳӣ ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт дар муҳлатҳои наздик Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур иштирокчиён   вобаста ба ташаббусу дастигириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, таъмини амнияти сайёҳон ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари таблиғотию иттилоотӣ барои пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори берунаи хизматрасонӣ андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуданд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад.

Ин омилҳо аз мо тақозо мекунанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда, аз манфиатҳои соҳа бархурдор шавем.

 

Сентябрь 29, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад