ТОҶИКИСТОН МАКОНИ ОБҲОИ МУСАФФОСТ! Имрӯз- Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об

Сентябрь 18, 2018 11:04

ДУШАНБЕ, 18.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Об сарвати бебаҳо, манбаи ҳаёти инсоният ва асоси ҳастии олами набототу ҳайвонот мебошад. Инсоният садсолаҳо қабл то ба имрӯз оид ба масъалаҳои нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва сифати он андешаронӣ мекунаду роҳи ҳалли онро меҷӯяд.

Бо мақсади пайдо намудани роҳи ҳалли ин муаммо, баланд бардоштани маърифати иттилоотии аҳолӣ ва барои табодули афкор аз соли 2003 инҷониб дар бисёре аз мамлакатҳои олам 18 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об ҷашн гирифта мешавад. Ин иди экологӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо мақсади ҳифзи обанборҳо аз ифлосшавӣ пайдо гардидааст. Таъсисдиҳандаи ин ид Фонди оби тозаи Америка мебошад.

Агар ба таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об назар афканем, он дар оғоз 18 октябр ҷашн гирифта мешуд. Соли 2007 ин рӯз ба 18 сентябр гузаронида шуд, ки мақсади асосиаш ҳамчун нишони эҳтиром ба мамлакатҳое мебошад, ки дар онҳо моҳи октябр аллакай об ях мекунад.

Асоси чорабиниҳои ин ид санҷиши фардии таҳқиқоти хурди мониторинги сифати об дар муҳити хона мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, тестҳои махсус метавонанд дараҷаи тозагӣ ва бехатарии обро барои саломатӣ,  ҳаёти инсон ва дигар олами набототу ҳайвонот нишон диҳанд. Аввалин коре ҳангоми санҷиши мониторинги сифати об бояд амалӣ карда шавад, ин аҳамият додан ба ранг, бӯй, таъм ва ҷилонокии он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои обии сайёра диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар ин самт аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст. Зеро Тоҷикистон биҳишти рӯи замин асту макони обҳои мусаффо.

Маҳз бо пешниҳоди дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар ин замина дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.

Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуданду аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили самаранок истифода бурдани об суханронӣ   намуданд. Маҳз ҳамин ташббус ва пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд.

Иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели  бебаҳси ин гуфтаҳост.

 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ, аз ҷумла чунин ибрози андеша намуданд: «Умуман, боварӣ дорем, ки Даҳсола барои таҳкими талошҳои мо, ки ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои марбут ба гузариш ба мудирияти устувори захираҳои об нигаронида шудаанд, заминаи устувор фароҳам меорад».

Тибқи таҳлилҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳу сифати  таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ сол то сол боло меравад. Соли 2012 агар 42,6 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доштанд, ин миқдор соли 2013 ба 48,6% ва соли 2016   ба 57,6 фоиз расонида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки  ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст-ин дастрасӣ надоштан ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад. 14 марти соли равон дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвори «Ду миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд» мавод нашр шуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешуд: «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошимиданӣ гуреза мешаванд. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад».

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ҳатто давлатҳои пешрафтаи  Аврупо. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин минтақа тақрибан 340 млн. нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.

Ғайр аз ин, ба иттилои расмии СММ, имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд.

Дар ин самт дар баробари дигар тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас ба анҷом расонид, ки метавон барои тасдиқи ин гуфтаҳо нуктае аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакатро ёдовар шуд:

«Дар давоми 26 сол дар мамлакат барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад».

 

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» мавриди амал қарор дорад, ки мақсади асосии он таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур лоиҳаҳои зиёде бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд амалӣ карда мешаванд. Бо назардошти он, ки муҳлати анҷоми барномаи мазкур пеш омада истодааст, аллакай корҳо ҷиҳати таҳлили пурраи раванди иҷрои он оғоз гардида, масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи чунин барномаи нав то соли 2030 иқдом гирифтаанд.

Муҳимияти обро барои ҳаёт ва умуман барои сайёраи Замин олимони зиёде исбот кардаанд, ки ин таваҷҷуҳро нисбат ба он бештар кардааст. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро оғози ҳама оғозҳо эълон кардааст. Ду ҳазор сол баъд Леонардо да Винчи обро илҳомбахши зиндагӣ номид, зеро ҳамаи мавҷудоти зинда дар рўйи  Замин  аз об пайдо шудаанд ва онро ҳамчун қисми асосии табиат дар бар мегиранд. Баъд аз ду асри дигар Людвиг Фейербах ба хулосае омад, ки ба сатҳи об  назар андохта,  инсон ба дарки худ оғоз намуд.

В. И. Вернадский аввалин шуда, нақши аз ҳама васеи обро дар таърихи сайёраи мо фаҳмид.  Пас, маълум мегардад, ки ҳанўз аз замонҳои нахустини пайдоиши оламу одам  таваҷҷуҳ нисбат ба мушкилоти норасоии об аз ҷониби олимон вуҷуд доштааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мушкилот новобаста ба давру замон яке аз мавзўъҳои муҳими  ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қатъномаи СММ, ки моҳи июли соли 2010 қабул гардидааст, ҳар як инсон барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад дар як шабонарӯз аз 50 то 100 литр об дастрас намояд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 18, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид