Ба таваҷҷуҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ: Тоҷикистон имконият дорад, ки тамоми сол сайёҳии парандашиносиро ба роҳ монад

Октябрь 11, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии орнитологӣ ё худ  парандашиносӣ як бахши сайёҳии экологӣ маҳсуб ёфта, дар дунё ҳамчун самти рушдёбанда пас аз сайёҳии пиёдагардӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ин намуди сайёҳӣ бахусус дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои скандинавӣ, Франсия, Германия ва Япония доман паҳн кардааст. Даҳҳо ширкатҳои сайёҳӣ қариб дар ҳамаи нуқтаҳои олам бахшида ба омӯзиши тарзи ҳаёти парандаҳо ва мушоҳидаи онҳо дар табиат барои сайёҳон экскурсияҳо ташкил мекунанд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар бораи имкониятҳо ва дурнамои  сайёҳии орнитологӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуд:

 АМИТ «Ховар»: Устод, бигӯед, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд намуди паранда, чанд мавзеи калидии орнитологӣ мавҷуд аст ва дар кадом фаслҳои сол ҷамъ омадани парандагони зиёд мушоҳида мешавад?

Абдусаттор Саидов: Дар қаламрави Тоҷикистон алҳол 400 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон, хусусан дар фасли зимистон ҷамъ меоянд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар фасли зимистон ҳангоми фаро расидани сармо дар қисмати Сибир ва Қазоқистони Шимолӣ аксар намуди парандагон ба  Тоҷикистон мекӯчанд.

Масалан, аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикисони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон дар фасли зимистон маҳсуб мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳо олами ҳайвонот фаъолона ба як навъи сайёҳӣ табдил ёфта истодааст. Масалан, дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои скандинавӣ, Франсия, Германия ва Япония сайёҳии парандашиносӣ бо суръат рушд меёбад. Сайёҳони зиёд танҳо ба хотири дидани миқдори зиёди парандагон ба ин кишварҳо сафар мекунанд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна имкониятҳо барои сайёҳии парандашиносӣ мавҷуд аст?

Абдусаттор Саидов: Сайёҳии орнитологӣ яке аз муҳимтарин сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад, ки солҳои охир дар тамоми дунё хеле маъруфият пайдо кардааст. Ин вобаста ба он аст, ки парандагон ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Сайёҳоне, ки ба ин соҳа шуғл меварзанд, барои онҳо дидани парандагоне, ки андоми зебо доранд, дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва нодир ҳастанд, хеле муҳим мебошад.

Дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд. Онҳо аз қаламрави давлатҳо хеле зиёд кӯчиш мекунанд ва хусусияти транзитӣ доранд.

Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш кишвари моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор мекунанд ва парвози худро идома медиҳанд.

Бисёр парандашиносон бар он ақидаанд, ки дар қитъаи Осиё Тоҷикистон дар чорроҳаи кӯчиши парандагон ҷойгир шудааст. Тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои кӯчиши парандагон мегузарад. Аз рӯи ин нуқтаи назар дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз кишвари мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.

Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ имкониятҳо хеле зиёданд.

АМИТ «Ховар»: Тавре зикр намудед, дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз кишвари мо муҳоҷират мекунанд, яъне Тоҷикистон имконият дорад, ки на танҳо мавсимӣ, балки тамоми сол сайёҳии парандашиносиро ба роҳ монад…

Абдусаттор Саидов: Албатта, дар ҳудуди Тоҷикистон метавонем тамоми мавсимҳои сол сайёҳии орнитологиро ба роҳ монем.  Масалан, дар ҳудуди Помир дар фасли тобистон ва тирамоҳ гирд омадани парандагони зиёд ба мушоҳида мерасад. Хусусан дар ин макон бо баъзе намудҳои парандагоне, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, вохӯрдан мумкин аст.

Масалан, ғози ҳиндӣ як парандаи кӯчандае ҳаст, ки аз ибтидои моҳи май аз Ҳиндустон, Покистон ва қисмати шимолии Чин ба кӯлҳои Помир меояд ва дар ин ҷо фақат фасли гарми солро аз сар мегузаронад. Дар ибтидо ё миёнаи моҳи сентябр ғози ҳиндӣ боз ба Ҳиндустону Покистон кӯчиш мекунад. Дар ҳудуди Помир ба роҳ мондани сайёҳии орнитологӣ дар фасли тобистон ва тирамоҳ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Дар дигар минтақаҳои ҳамвори Тоҷикистон ин амалро дар ду мавсим- баҳор ва тирамоҳ ба роҳ мондан мумкин аст. Зеро дар ин мавсимҳо кӯчиши мавсимии парандаҳо ҷараён мегирад.  Дар қисматҳои кӯҳии Тоҷикистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон гуногунии бойи парандагони муқимиро дидан мумкин аст.

Солҳои охир аз тарафи ширкатҳои сайёҳӣ барои роҳбаладӣ ба парандашиносон ба олимоне, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд,  муроҷиатҳо мешаванд. Онҳо мехоҳанд, ки гурӯҳи сайёҳонро танҳо парандашиносон роҳбаладӣ кунанд. Зеро он сайёҳоне, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, мехоҳанд дар бораи орнитофауна, яъне фаунаи парандагони мо маълумоти зарурӣ пайдо кунанд. Ин корро, албатта, танҳо мутахассисони соҳаи парандашиносӣ метавонанд анҷом диҳанд. Сухан дар бораи он меравад, ки сайёҳон ба намудҳои паррандагон,  мавзеъҳои паҳншавии онҳо, нақши ин ё он намуди паранда дар табиат ва мақоми ҳифзи онҳо таваҷҷуҳ доранд.

Дар тамоми дунё дар ҳафтаи чоруми моҳи январ дӯстдорони табиат ва парандашиносон ҳисобу китоби саршумори парандагони зимистонгузаронро анҷом медиҳанд ва ин анъана солҳои зиёд аз тарафи парандашиносони тоҷик ва мутахассисони Институти зоология ва паразиталогияи АИ ҶТ амалӣ карда мешавад. Зеро маҳз дар ҳамин давра ҷамъ омадани парандагони зиёд ба мушоҳида мерасад. Ин имконият медиҳад, ки мо ҳамасола ҳисоби саршумори парандагонро гузаронем ва донем, ки дар кишвари мо чӣ миқдор ва саршумор парандагон ҷамъ меоянд ва зимистонро паси сар менамоянд.

Албатта, нисбат ба минтақаҳои шимолӣ, Сибири ғарбӣ ва Қазоқистони шимолӣ Тоҷикистон дар фасли зимистон шароити нисбатан мӯътадил барои паррандагон дорад. Зеро дар кӯлу обанборҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон захираи зарурии ғизо, хусусан барои парандагони обӣ ва наздиобӣ мавҷуд аст. Аз ин нуқтаи назар  ташкил намудани сайёҳии орнитологӣ дар фасли зимистон ҳам имконпазир аст.

АМИТ «Ховар»: Бинобар тағйирёбии иқлим солҳои охир кӯчиши парандаҳои нодир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Инҳо кадомҳоянд?

Абдусаттор Саидов: Дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 20 намуди парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки дар кишвари мо қаблан дар бораи онҳо маълумот набуд. Масалан, дар қисмати Помир, дар ҳудуди Бадахшон чанд соли охир як парандаи хеле нодир, ки бо номи сочи бронирӣ ёдовар мегардад, ба қайд гирифта шуд. Асосан масоҳати паҳншавии ин парандаи нодир ҳудуди Покистон ва Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Яъне имрӯз парандашиносон ба он ақидаанд, ки тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим имконият додааст, ки баъзе парандагоне, ки ҳудуди паҳншавии онҳо қисмати ҷанубии Осиёро фаро мегирифт, ба ҳудуди Тоҷикистон низ ворид гарданд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.

Солҳои охир як намуди мусича, ки бо номи мусичаи ҳалқадор ёдовар мегардад, низ давоми 20 соли охир ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардид ва сол аз сол майдони паҳншавии худро васеъ карда истодааст. Аз нуқтаи назари дигар дар табиат равандҳои динамикӣ амал мекунанд. Табиат ҳама вақт дар таҳаввулот аст. Чунин ҳолатҳо, яъне динамика дар худи табиати зинда ҳам ҷой дорад. Баъзе намудҳои парандаҳо майдони васеъшавии худро паҳн мекунанд ва баъзе намудҳо сол аз сол баръакс, масоҳати паҳншавии онҳо маҳдуд мегардад ва онҳо ба қатори намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор мегиранд.

Алҳол 43 намуди парандагони Тоҷикистон парандагони нодир маҳсуб шуда, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Онҳо ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти муҳофизат қарор доранд.

P.S. Ба таваҷҷуҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи он имконият доранд таваҷҷуҳи сайёҳони орнитологро ҷалб кунанд, алҳол  ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо рушд наёфтааст. Сабаби аслии инро мутахассисон аз набудани инфрасохтор ва роҳбаладони парандашинос медонанд.

Бо мақсади пеш рафти ин самти сайёҳӣ дар Тоҷикистон парандашиносон тавсия медиҳанд, ки варақаҳои тарғиботӣ бо забонҳои гуногун барои сайёҳон дар бораи парандагони кишвар таҳия ва нашр шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати ташкили саёҳатҳои орнитологӣ мутахассисони парандашинос бояд ҷалб гарданд.

 

Октябрь 11, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид