Дар Душанбе масъалаи ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷараён дорад. Дар доираи намоишгоҳи мазкур дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс мавзӯъҳои марбут ба соҳаи китоб, табъу нашр ва густариши он дар замони рушди технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла «Китоб ва интишори он дар замони истиқлол», «Бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ талаботи замон аст», «Ҷойгоҳи китоб дар фарҳанги маънавии ҷомеа», «Бартарияти китобҳои чопӣ аз китобҳои электронӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод намуданд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» на танҳо як маротиба дар як сол, балки бештар ташкил карда шавад. Инчунин иштирокчиён изҳор доштанд, ки макони баргузории намоишгоҳ бояд боғҳои фарҳангӣ –фароғатӣ бошад, то Иди китоб оммавӣ гардад.
Зикр гардид, ки Ассотсиатсияи байналмилалии ноширон ташкил карда шуда, тарғиби китобҳои тозанашр тариқи барномаҳои телевизионӣ бештар гардад.
Дар конфронс масъалаҳои марбут ба норасоии китобҳои тозанашр дар шароити деҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки конфронс аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил гардида, дар он ноширону адибони ватанӣ ва хориҷӣ, ки иштирокчиёни Намоишгоҳ мебошанд, иштирок намуданд
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» то 20 октябри соли равон идома ёфта, дар доираи он барномаҳои мухталиф баргузор карда мешаванд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст






