Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии истиқлолият қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии истиқлолият илова ба 378 иншооте, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо қарори Ҳукумат тасдиқгардида сохта мешаванд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегарданд.
Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Дар ин бора имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» изҳори андеша намуданд.
Бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои навро Пешвои миллат майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат номида, зикр карданд, ки дар натиҷаи он ҷумҳурии азизамон ободу зебо шуда, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд.








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






