Доираҳои соҳибкории Корея дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми муносиб хоҳанд гузошт

Октябрь 10, 2018 16:58

ДУШАНБЕ, 10.08.2018/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони Кореяи Ҷанубӣ дар радифи соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд. Ин матлаб дар Форуми  сеҷонибаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи соҳибкорон доир шуд, баён  гардид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Фаррух Ҳамрализода ҳайати бонуфузи доираҳои соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки  бори нахуст дар Душанбе доир гардидани Форуми сеҷониба бо ҳузури доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея қадами муассирест дар  самти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии се кишвар ва ҷалби    сармояи  хориҷӣ  ба иқтисодиёти  Тоҷикистон. Мусаллам аст, ки доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Корея дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рушди иқтисодиёти ин кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳузури чашмрас дошта,  интизор меравад, ки дар оянда доираҳои соҳибкории Корея бо назардошти шиносоӣ ва омӯзиши фазо ва низоми сармоягузории Тоҷикистон имкон доранд дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд.

Бо дахли тавсеаи робитаҳои судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Фаррух Ҳамрализода зикр намуд, ки баъд аз сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои ҳамдигар, ки моҳҳои  март  ва августи  соли равон ҷараён гирифтанд, робитаҳои ду кишвар густариш ёфта, бо имзои беш аз 50 санади байнидавлатӣ вориди марҳилаи нав гардиданд. Хусусан ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳодати тавсеаи робитаҳои самарабахши ду давлати ҳамсоя дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ мебошад. Танҳо дар  зарфи шаш моҳи соли равон гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду маротиба афзудааст. Инчунин соли равон панҷ вохӯрии доираҳои  соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид,  ки дар онҳо беш аз 200 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нафту газ, сохтмон ва сайёҳӣ ба маблағи 845 миллион доллар ба имзо расид.

Дар Форуми  сеҷонибаи  соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея зикр гардид, ки Корея аз лиҳози рушди иқтисодиёт  яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон эътироф  гардидааст.

Дар ин росто омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи  пешрафтаи ин кишвари мутараққии ҷаҳон дар самти рушди иқтисодиёти Тоҷикистон хеле судманд мебошад. Тоҷикистон имкон дорад, ки бо Корея дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, назири энергетика, коммуникатсия ва хизматрасонии логистикӣ, сохтмон ва меъморӣ, саноат,  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, хизматрасонии моливӣ  ва илмию техникӣ ҳамкориро тавсеа бахшад.

Дар ин замина гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва  ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва дигар сабукиҳо ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ шаҳодати гуфтаҳост.

Инчунин вазири савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев,   ки бо ҳайати бонуфузи соҳибкорони кишвараш дар ҳамоиш ҳузур дошт, зикр намуд, ки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дигар ягон монеа вуҷуд надорад. Ба андешаи вазири савдои хориҷии Ӯзбекистон, маҳз бо ташаббуси наҷибонаи Сарварони баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  тамоми он монеаҳо, ки дар рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлати ҳамсоя вуҷуд доштанд,  аз байн бардошта шуданд ва роҳро дар самти тавсеаи робиатҳои иқтисодӣ ҳамвор намуд ва ин имконият медиҳад, ки ду ҳамсоякишвар баробар рушд ёбанд. Дар ин замина баргузории нахустин Форуми сеҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея дар Душанбе далели ин гуфтаҳост.

Ли Вучёл, намояндаи ваколатдори Сафорати Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дахли робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишвараш бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ, хосса Тоҷикистон  зикр намуд, ки баргузории Форуми сеҷонибаи  Тоҷикистон-Ӯзбекистон ва Корея дар Душанбе бо ҳузури доираҳои бонуфузи  соҳибкорон ва ширкатҳои тавлидкунандаи  молу маҳсулоти се кишвар на танҳо ба рушди иқтисодиёти се  давлат мусоидат менамояд, балки барои тавсеаи ҷуғрофиёи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Корея бо кишварҳои Афғонистон, Покистон  ва ҳатто Аврупо роҳ боз намуда, шоҳроҳи нави абрешимро ба вуҷуд хоҳад овард.

Интизор меравад, ки дар доираи ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои    соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея дар Душанбе байни ширкатҳои тавлидкунандаи се кишвар баъд аз вохӯрии В2В қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд, ки он ба тавсеаи ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратии се кишвари осиёӣ мусоидат менамояд.

Муовини сардори Раёсати  дастгирии соҳибкории  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва иораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Ҷӯразода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳайати беш аз саднафари соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея аз  ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, назири «Ноқили ТАЛКО» ва «Ширкати  Алюминийи Тоҷик» боздид намуда, бо фаъолияти ин корхонаҳои азими Тоҷикистон аз наздик шинос хоҳанд гардид.

                                                                 Марзия САИДЗОДА, 

                                                                АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2018 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад