КИТОБ САРЧАШМАИ ДАРЁИ АҚЛ АСТ! Бардошт аз намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»

Октябрь 19, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар  Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷараён дорад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, аз намоишгоҳи мазкур дар баробари  аҳли фарҳанги мамлакат, ҳамчунин намояндагони кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркия, Афғонистон, Франсия ва Амрико низ дидан намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи шаҳрии ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ» Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни суҳбат бо хабарнигори «Ховар» аз он ёдовар шуд, ки дар ин намоишгоҳ китобҳое ба маъраз гузошта шудаанд, ки афкори мухталифи ҷомеаро фаро мегиранд. Ба таъкиди номбурда, баргузории чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии бештари  эҷодиёти пурғановати адибон ва файласуфони тоҷик дар арсаи ҷаҳон  заминаи хуб фароҳам меоварад.

Зикр шуд, ки пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад.  Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат  ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

Маҳноз Маликзода аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз иштирок дар ин намоишгоҳ хеле хушҳол буд. «Ман дар ин намоишгоҳ асарҳои тозанашри нависандагону адибони кишвари худро муаррифӣ мекунам. Хеле мамнунам, ки ба мамлакати шумо омада, бо аҳли адаб ва эҷодиёти онҳо аз наздик шинос шудам. Ман бо бархе адибон робитаи дӯстӣ низ пайдо намудам. Чунин намоишгоҳҳои китоб бояд ҳарчи зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардумони одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд»,-мегӯяд  Маҳноз Маликзода.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари адибону фарҳангиён, насли ҷавон низ дар ин чорабинӣ иштирок дошт. Ҷавонон ҳар кадоме бо шавқ аз намоишгоҳ дидан мекарданд ва китобҳоеро, ки дер боз дар ҷустуҷӯяшон буданд, дар ин ҷо дарёфт менамуданд.

Донишҷӯ Нигора Вазирбекова пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст. Ӯ изҳор дошт, ки «намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад наврасону ҷавонон бо китобҳои тозанашри ватанию хориҷӣ шинос ва ба ин восита шавқу рағбати онҳо ба китоб боз ҳам бештар гардад. Имрӯз, ки ҷаҳон дар ҳоли рушд аст ва технология пеш меравад, баргузории чунин намоишҳои китоб амри зарурӣ ва нишонрас аст. Зеро насли ҷавони мо пайваста дар пайи омӯзиш аст. Ҳадафи  намоиш низ ҷалб намудани ҷавонон ба китобу китобхонист».

Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур то 20 октябр идома меёбад. 

Октябрь 19, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд