«МАТБУОТ ПУШТИБОНИ ЗАБОНУ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ АСТ». Чунин нигоштааст муаллифи мақолаи рӯзномаи «Овози тоҷик»-и Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 17.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Устод Садриддин Айнӣ 25 августи соли 1924 дар нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолае таҳти унвони «Қавми тоҷик ва рӯзнома» нашр карда, дар он бо ифтихор мужда дода буд: «…имрӯз ба саъйи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ баромад».
Айнии донишманду дурандеш дар он бо боварии комил пешгӯйӣ ҳам карда буд: «Ин рӯзнома мисли номаш, албатта ба забони тоҷикӣ хоҳад буд». Устоди бузург ба оянда бо эътимод назар андохта, дар охири мақолааш менависад: «Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд».
Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин дастандаркорони рӯзнома буданд. Солҳои гуногун шогирдони онҳо Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ ва рӯзноманигорону адибони дигар аз як гиребон сар бароварда, ба пешрафт ва пурмазмун баромадани он саҳмгузор шуданд. Баробари ин осори хешро дар «Овози тоҷик» чоп карда, машҳуру маҳбуб гардиданд.
Пешгӯйӣ ва умедҳои устод Айнӣ амалӣ шуданд. «Овози тоҷик» аз рӯзномаҳои марказии обрӯманду муътабари мамлакату халқамон гардид. Дар атрофи он ҳаммиллатони мо ҷамъ омада, рӯзномаро беш аз пеш хонданиву сермазмун карданд. Ҳоло «Овози тоҷик» воқеан пуштибони забон, тамаддун ва ҳастии миллати мо, маслиҳатгару роҳнамои мост.
Ман аз солҳои мактабхонӣ бо ин рӯзнома ошноӣ пайдо кардаам. Аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта ба бисёр рӯзномаю маҷаллаҳо обуна мешаваму онҳоро мунтазам мутолиа мекунам. Қариб 40 сол дар мактаби зодгоҳам омӯзгорӣ кардам. Мо ғайр аз воситаҳои таълимӣ, ба матбуот, аз ҷумла ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам такя карда, дарсу машғулият мегузарондем. Аз ин фақат бурд кардаем.
Ман ҳоло нафақахӯрам. Ҳоло ҳам рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла «Овози тоҷик»-ро мунтазам мехонам.
Шахсе, ки рӯзнома намехонад, аз набзи замон бехабар мемонад. Дуруст аст, ки пештар обуна шудан мушкил буд, ҳоло осон аст. Метавонем ба як сол ё ки барои 6 моҳ обуна шавем ва пасон муҳлати онро дароз кунем. Зеро миқдори обуначиён ҳар қадар зиёд бошад, шуҳрати рӯзнома ҳамон қадар меафзояд, сафи хабарнигорону нависандагони ҷамоатӣ бештар мешавад.
М. МУСОЕВ,
собиқадори таълим аз ноҳияи Чуст
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 12 октябри соли 2018








«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






