РУШДИ ТУРИЗМИ НАЗДИСОҲИЛӢ. Дар Суғд мавзеъҳои истироҳатӣ ва ҷазираҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд

Октябрь 16, 2018 15:24

ХУҶАНД, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд азм гирифтааст, ки барои рушд додани сайёҳии соҳилӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову хушманзараи сайёҳии наздисоҳилии қисмати шимоли кишвар ва дар ин замина, ҷалби ҳарчи бештари шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳилҳои рӯди Сир, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеъҳои истироҳатӣ ва ҷазираҳои сайёҳӣ бунёд намояд.

Иқдоми зерин дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он самаранок истифода бурдани имконоту шароити сайёҳии мавзеъҳои наздисоҳилии Сирдарё, рушди соҳаҳои дигари хизматрасониву истеҳсолӣ, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва муаррифии табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар назар аст, ки дар шафати ду канори Сирдарё меҳмонхона, тарабхона ва мавзеъҳои истироҳатӣ бо роҳравҳо барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ бунёд ва инчунин дар ин маконҳо дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шаванд. Инчунин баҳри истироҳату оббозии сокинону меҳмонони маркази вилоят ташкили боз як шиногоҳ дар соҳили чапи дарё мувофиқи мақсад арзёбӣ гардидааст. Ин тадбири муҳим сабаби боз ҳам тозаву обод ва ҷаззобу дилкаш гардидани  як мавзеи шаҳр мегардад.

Ҳамзамон бо назардошти он, ки Сир калонтарин дарёи шимоли Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои ҷазираҳои зиёди зебоманзар мебошад, бо ҳадафи ҷалби бештари дӯстдорони сайёҳии экзотикӣ (аҷоиботи наздиобӣ) ин ҷазираҳо низ минбаъд ҳамчун ҷазираҳои сайёҳӣ бо ташкили тамоми имкониятҳои зарурии истироҳатӣ мақсаднок истифода бурда мешаванд.

Аз ҷумла, тибқи дастури раиси вилояти Суғд дар яке аз ин ҷазираҳои хушманзари дарёи Сир, воқеъ дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ояндаи наздик дар майдони 5 гектар ба таври таҷрибавӣ парваришгоҳи мурғи даштии тазарв ташкил карда шуда, дар он то 1000 сар тазарв нигоҳубин карда мешавад. Ҳамзамон бо назардошти мавҷудияти имконоту шароити мусоиди ҷойгиршавӣ дар ин мавзеъ як ҳавзи моҳипарварӣ низ сохта мешавад.

Ин тадбирҳо ба хотири ҷалби бештари сайёҳон амалӣ гардида, дар ин ҷо барои сайри қонунии мурғи даштии тазарв ва моҳидорӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Дар сурати додани натиҷаи мусбат  чунин парваришгоҳҳо дар дигар ҷазираҳои ҳудуди дарёи Сир низ ташкил карда мешаванд.

Ба андешаи мутахассисони соҳа ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, ташкил ва бунёди чунин мавзеъҳои истироҳативу сайёҳӣ, хосатан машғул ба шикори олами наботот бо имконоту шароити талаботи замон метавонад ба афзоиши шумораи сайёҳону меҳмонон ва дӯстдорони ин намуди сайёҳӣ оварда, ба мақом ва шуҳрати имкониятҳои сайёҳии экзотикии Суғд, аз ҷумла мавзеъҳои сайёҳии наздисоҳилии он нуфузи бештар бахшад. Аз ҷониби дигар, барои сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт.

Сайёҳии соҳилӣ ва ҷазиравӣ дар кишварҳои хориҷӣ хеле маъмул буда, ҳамасола шумораи бештари сайёҳонро ҷалб менамояд. Итминон меравад, ки ташкили чунин мавзеъҳо дар Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Ҳамзамон имрӯзҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи тармиму таҷдиди инфрасохтор, омода намудани маводи иттилоотӣ, қабулу роҳбаладии сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, баҳри қабули меҳмонон дар маркази вилоят хатсайрҳои дохилӣ ташкил карда шудаанд.

Аз ҷумла, маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», хиёбони Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳо, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а.XIV), калонтарин бозори шакли пӯшида дар Осиёи Миёна- «Панҷшанбе» бо майдони фаввораҳо, Қасри Арбоб, Боғи фарҳангию фароғатии «Наврўзгоҳ», Боғи истироҳатии ба номи Устод Рўдакӣ мисоли равшани ин гуфтаҳоянд.

Инчунин 3 хатсайри нави берунӣ, чун «Хуҷанд-Душанбе-Ҳисор», «Хуҷанд-Истаравшан-Айнӣ-Искандаркўл» ва «Хуҷанд-Панҷакент-Саразм-Ҳафткўл» ба ин самт пешниҳод гардидаанд.

Дар радифи навсозии меҳмонхонаи 10-ошёнаи овозадори «Ленинобод», воқеъ дар соҳили рӯди Сир бунёди роҳи танобӣ ба масофаи як км аз болои дарёи Сир,  гузоштани санги асос барои бунёди боз як осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар минтақаи Шӯркӯли соҳили «Баҳри тоҷик», инчунин баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёи Сир  сар додани 20 ҳазор моҳиҳои навъи сазан ва амури сафед гувоҳи онанд, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд ва мавзеи сайёҳии «Баҳри тоҷик» корҳои зиёд роҳандозӣ мешаванд, ки ин бешак, дар рушди соҳаи сайёҳии вилоят заминаи хуб мегузорад.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 6 ширкати сайёҳӣ ва 13 меҳмонхона фаъолият дошта, дар ҳудуди шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошанд.

Дар маҷмӯъ, ҳоло дар вилояти Суғд 13 осоишгоҳ, 54 меҳмонхона ва 24 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, давоми нимсолаи аввали соли равон тақрибан 372 ҳазор нафар сайёҳон вориди вилоят шудаанд. Ин сайёҳон асосан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.

Дар ин радиф бояд зикр кард, ки воқеан ҳам Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёди табииву нотакрори диққатҷалбкунанда буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки соҳаи сайёҳиро бо самтҳои гуногуни он, ба мисли қаиқронӣ, аспсаворӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ, соҳилӣ, табобатӣ, таърихӣ ва амсоли ин ривоҷу равнақ диҳем.

Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар замири ҳар як сайёҳ чун мавзеи дӯстдоштаю фаромӯшнашаванда ҷой бигирад.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тоҷикистон ва Куба ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск самтҳои асосии сайёҳиро муайян намуданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск ҳамкориро тақвият медиҳанд