«САҲНА-БИДУНИ САРҲАД». Намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар Фестивали байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов аз 20 то 27 ноябри соли равон дар Фестивали байналмилалии театрҳои миллӣ — «Саҳна-бидуни сарҳад», ки дар шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия баргузор мегардад, ширкат меварзад.
Дар фестивали мазкур аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Бобоев намоиши «Шабе дур аз Ватан»-ро пешниҳоди мухлисони театр хоҳанд кард.
Намоиши мазкур аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл намуда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақш меофаранд.
Ёдовар мешавем, ки «Шабе дур аз Ватан» ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» буда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия санъати театрии тоҷикро муаррифӣ кардааст.
«Шабе дур аз Ватан» соли гузашта низ дар шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия сазовори баҳои баланд гардида буд.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






