Тоҷикистон бори дигар дар Озмуни байналмилалии мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» ширкат меварзад

Октябрь 23, 2018 09:15

 ДУШАНБЕ, 23.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шабакаи телевизионии «Мир» намоиши Озмуни  байналмилалии мусиқии телевизионӣ таҳти унвони «Бо тамоми овоз» («Во весь голос»)  шурӯъ мегардад. Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари гурӯҳи «Парвин» ва намояндаи доимии озмун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Абдуалимов иброз дошт, Тоҷикистонро имсол дар ин барнома аъзои ин гурӯҳ Фурӯғ Ниёзова, Афзалшоҳ Сафарзода ва Манижа Тошболтаева намояндагӣ мекунанд.

Барои омода намудани иштирокчиён ба озмун ва бо гурӯҳи рақсӣ таъмин намудани баромади онҳо ширкати ТАЛКО ва гурӯҳи «Babbleguys dance group» онҳоро сарпарастӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур маротибаи дуюм аст, ки дар шаҳри Москва гузаронида шуда, наврасону ҷавонони боистеъдод дар саҳнаи шабакаи телевизионии Россия барои ба даст овардани унвони дастаи беҳтарин қувваозмоӣ мекунанд.

Озмуни мазкур бо дастгирии Агентии Федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) доир мегардад.

«Бо тамоми овоз» — озмуни мусиқие мебошад, ки ҳамаи овозхонони бомаҳоратро бо ҳам муттаҳид мекунад. Дар он наврасону ҷавонони аз 13 то 17- солаи боистеъдоди 9 давлат — Россия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.

Барои ҳар як даста як нафар ҳунарманди маъруфи кишварҳояшон ба сифати раҳомӯз мутасаддӣ гардидааст, то иштирокчиёнро дастгирӣ намуда, маслиҳат диҳад.

Мароми озмун-ин шинос намудани тамошобинон бо мусиқии маъруфи кишварҳои иштирокчӣ аст. Дар тамоми давраи баргузории озмун тамошобинон мусиқии халқӣ ва сурудҳои замонавиеро хоҳанд шунид, ки роҳбари даста бо иштирокчиён барои иҷро кардан  дар озмун интихоб намудаанд.

Озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» аз 16 ноябр то охири моҳи декабр дар шабакаи «МИР» намоиш дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта намояндаи Тоҷикистон Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқии «Бо тамоми овоз»  яккахони беҳтарин дар байни духтарон дониста шуд. Дар байни ҷавонписарон овозхони  Молдова Денис Мидоне яккахони беҳтарин эълон гардид. Гурӯҳи «Жулдыздар» аз Қазоқистон  гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, дастаи ҳаваскорони Россия дастаи беҳтарин интихоб шуданд.

Озмун моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда, дар он ҳунармандони аз 12 то 16-сола аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ширкат намуданд.  Тоҷикистонро дар озмун дастпарварони студияи овозхонии «Ҳафтранг»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Зербунов, Томирис Элназарова, Амал Ҳафизова ва  Дилноз Абдуалимова намояндагӣ карданд. Роҳбарии дастаро овозхони шинохта Зафар Абдуалимов бар уҳда дошт.

Ин дафъа кадом даста ғолиби озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» мешавад, инро тамошобинон дар рӯзҳои охирини соли 2018 хоҳанд донист.

 

Октябрь 23, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд