Ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Оренбурги Россия сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 ноябри соли равон аҳли эҷоди Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори театри мазкур Гулнора Ахмедова иброз дошт, ҳунармандони тоҷик дар Оренбург намоиши «Омӯрзиши Умари Хайём» -ро, ки аз ҷониби Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Рӯдакӣ, коргардон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта шудааст, манзури бинандагон менамоянд. Асари мазкур ба қалами шоир ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров тааллуқ дорад.
Нақшҳои асосиро ҳунармандон Х. Мустафаев, М. Дадаева, М. Яммолик, А. Дӯстов ва Д. Мурзинов иҷро хоҳанд кард.
«Умари Хайём дар таърихи фарҳанги мардумони Шарқ яке аз бузургтарин шоирону файласуфон ва риёзидонону ҳайъатшиносон буда, дар соҳаи тиб, мусиқӣ, ҷуғрофия ва илму ҳунарҳои дигар низ аз устодони комил ба шумор меравад».
Дар саҳнаи театр ақидаи ҳазломези донишманд дар бораи табиати инсон ва арзишҳои абадӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ҳунармандони театри русии Тоҷикистон тавассути ин асар зебоии фарҳанги Шарқро ба ҳамагон намоиш медиҳанд. Инчунин зимни пешниҳоди спектакл ба ҳаёти имрӯза алоқамандии зич доштани фалсафаи Умари Хайём нишон дода мешавад.
Ҳамчунин зимни сафар ҳунармандони театри В. Маяковский намоиши «Кулчача»-ро, ки аз рӯи пйесаи Олга Емелянова таҳия гардидааст, ба тамошобинони хурдсол пешкаш хоҳанд кард. Дар ин асар қаҳрамон бо тамоми ҷасорату зиракиаш бадкоронро мағлуб менамояд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






