Ҳунармандони Тоҷикистон дар саҳнаи Театри калони Москва ҳунарнамоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Даҳҳо нафар ходимони санъати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия, ки 7 октябр сурат мегирад, дар саҳнаи нави Театри калони давлатии академии Россия баромад мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.
«Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯйдоди муҳим барои муколамаи фарҳангӣ ва қадами дигаре дар таърихи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Россия мегарданд. Тамошобинон дар ин саҳна устодони санъати Тоҷикистон ва ҳайатҳои беҳтарини консертиро хоҳанд дид», — иттилоъ доданд аз сафорат.
Барои меҳмонон ансамблҳои рақсии «Лола», «Парасту», ҳунармандони халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, Давлатманд Холов, инчунин овозхонон Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Соибназар Аловатов, Хуршед Иброҳимов, Зафар Абдуалимов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, Таҳмина Ниёзова ва Манучеҳр Раҳмонов барномаи ҳунарии худро пешниҳод мекунанд.
Илова бар ин, дар даромадгоҳи Театри калон асарҳои рассомони муосири тоҷик ва аксҳои «Тоҷикистони муосир» ба маъраз гузошта мешаванд.
Дар ин ҷо қабл аз оғози барномаи консертӣ барномаи ҳамкорӣ миёни намояндагони вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ба имзо хоҳад расид.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия аз 7 то 10 октябр баргузор мегарданд. Дар ин давра дар Китобхонаи давлатии Россия дар Москва намоиши аксҳо ва китоб доир мегардад, ки дар он навгониҳои фарҳанг пешкаши ҳаводорон гардида, кори муаллифони тоҷик ба забони русӣ муаррифӣ мешавад. Инчунин шиносоӣ бо адибони тоҷик сурат мегирад.
Дар баробари консерт ва маросими ифтитоҳи расмӣ дар Театри калони давлатии академӣ, инчунин 8 октябр ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик дар Театри калони драмавии ба номи Товстоногов дар назар аст. Даромад ба консертҳо дар Москва ва Санкт-Петербург бо даъватнома, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти шимолии Федератсияи Россия тақсим мекунанд, сурат мегирад.
Рӯзҳои 8-10 октябр даромад ба намоишгоҳҳо ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бори охир соли 2015 доир гардида буданд. Он вақт рӯзҳо дар шаҳрҳои Москва, Калининград ва Раменскойи вилояти Москва баргузор шуда буданд.













Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






