УСТОДИ НАСРИ АНДЕША. Таҳти ин ном дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолае ба нашр расидааст, ки маҳорати баланди нависандагии Фазлиддин Муҳаммадиевро бозгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 20.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Фазлиддин Муҳаммадиев дар адабиёти тоҷик услуби насри андешаро ба роҳ монда тавонист. Ин ташаббуси нависанда минбаъд аз ҷониби зиёиёни мо гарм пазируфта шуд ва маълум гардид, ки ӯ бо ин роҳ қиёфаи қаҳрамононашро кушода додааст. Хонанда аз олами ботинии ин ё он қаҳрамон ё персонажи асарҳои Ф. Муҳаммадиев огоҳии пурра пайдо мекунад.
Ӯ зодаи Самарқанди бостонист. Соли 1928 дар ҳамин ҷо таваллуд шуда, ба камол расидааст. Баъд аз номаи камол гирифтан, муддате дар колхоз ҳисобчӣ шуда кор мекунад. Азбаски ба адабиёт алоқаи шадидро дар ботини худ ҳис мекард, баъдан ба маркази фарҳанги тоҷик – шаҳри Душанбе рафта, дар идораи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият нишон медиҳад. Дар ин ҷо аз асрори касби рӯзноманигорӣ воқиф мешавад ва ба он дил мебандад. Шефтаи ин касб гардида, дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ дар вазифаҳои гуногун кор мекунад. Дар ин муддат таҷрибаи калони эҷодӣ ҳосил менамояд.
Нависанда охири ҳаёти худро пурра ба эҷод бахшидааст ва 16 октябри соли 1986 бар асари ҳамлаи авбошон захмӣ шуда, вафот мекунад.
Фазлиддин Муҳаммадиев давоми фаъолияти эҷодии худ асарҳои пурбаҳо таълиф намудааст, ки дар онҳо ҳаёти одамон, хислату рафтор, ақидаву андешаи тоифаҳои гуногун ба тасвир гирифта шудааст. Аввалин ҳикояҳояш дар маҷаллаи «Шарқи сурх» ба чоп расидаанд. Минбаъд дар баробари жанри ҳикоя дар жанрҳои повесту роман қувваозмоӣ кард ва дар натиҷа повестҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (соли 1960), «Одамони куҳна» (соли 1963), «Бибизайнаб» (соли 1964), «Дар он дунё» (соли 1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (соли 1974), «Шоҳии япон» (соли 1982), «Варта» (соли 1983) ва маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (соли 1969) дастраси хонандагон гардиданд.
Ф. Муҳаммадиев дар навиштани филмномаҳо низ маҳорати худро зоҳир намудааст. «Задухӯрд» (соли 1973), «Субҳи ватани ман» (соли 1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (соли 1980) дар асоси филмномаҳои ӯ офарида шудаанд.
Ӯ дар тарҷумаи осори насрӣ низ корҳои хубе ба анҷом расонидааст. Ҳикояҳои А. Чехов, Т. Драйзер, романи «Зарбаи аввалин»-и А. Стил, «Дуроҳаи бӯронӣ», «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ»-и Ч. Айтматов ва «Модари меҳрубони ман»-и А. Қаҳҳорро ба тоҷикӣ баргардондааст.
Нависанда ҳар як асарро бар асоси воқеаҳои ҳаётӣ таълиф мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳо ба воситаи муколимаи худи қаҳрамонҳо зиндаву табиӣ бароянд. Чунонки худ таъкид намуда буд: «Замонро надониста, дар бораи он навиштан ба мақсад мувофиқ нест».
Яке аз ҳикояҳои машҳури нависанда «Даъво» ном дорад. Он бори аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (соли 1968) чоп шудааст. Ҳадафи нависанда аз таълифи он мазаммат кардани худхоҳӣ аст. Мисли ҳикояи «Рӯзи дафни усто Оқил» бахиливу нотавонбинӣ дар он зери тозиёнаи танқид гирифта мешавад, аммо ба сурати образ ва ҳаёти қаҳрамонон. Дар ҳикоя симои ду паҳлавон ифода шудааст, ки яке Аҳмадбек буда, ба паҳлавонӣ ном бароварда, вале ҳамчунон орому ботамкин аст. Дигаре Муҳаммадмурод мебошад, ки барои шуҳрат, кибру манманӣ ва худхоҳӣ даъвои гӯштин гирифтан бо Аҳмадбекро дорад. Аммо дар охир мушоҳида мешавад, ки сабру тамкин ғалаба мекунад, аммо худхоҳӣ ба мағлубият дучор меояд.
Ф. Муҳаммадиев дар симои ин ду нафар ду хислати ба ҳам зидро нишон додааст. Ба олами ботинии қаҳрамонҳо ворид шуда, андешаву омоли онҳоро ба тасвир мегирад. Муҳаммадмурод на танҳо дар ин гӯштин мағлуб мешавад, балки боиси таҳқиру маломати атрофиён низ мегардад. Бо ин усул нависанда ҷиҳатҳои манфии худхоҳиро нишон дода, хонандаро ба фурӯтаниву хоксорӣ ҳидоят кардан мехоҳад. Маҳорати Ф. Муҳаммадиев дар кушода дода тавонистани олами ботинии инсонҳост.
«Рӯзи дафни усто Оқил» ҳам дар радифи ҳикояҳои беҳтарини нависанда қарор мегирад. Аҷибаш ин аст, ки ин ду ҳикоя пайдарпай, яъне аз ҷиҳати замон паси ҳам навишта шудаанд. Ҳамдигарро аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво тақвият медиҳанд. Аммо нависанда як ғояро дар ду ҳикоя бо ду усул нишон дода, ба чунин хулоса омадааст, ки дар сиришти ҳар як инсон як хислати манфӣ ҳаст. То он хислатро гум накунад, аз одамгарӣ дур хоҳад буд. Усто Оқил намехост, ки ҳунарашро ба шогирдон биёмӯзад. Охир он ҳунарро бо худ бурд. Аммо дар рӯзи вафоташ ҳамон шогирди ӯ буд, ки ашк рехт. Муҳаммадмурод низ «бемор»-и шуҳрат буд. Мехост, ки ба воситаи ба замин афтондани Аҳмадбеки солхӯрда паҳлавонияшро исбот кунад. Аммо ба қавли адабиётшинос Ҷ. Ҳамроев: «Дар ин ҳикоя ҳадафи аслии нависанда қувваозмоии ду паҳлавон нест, балки адиб ду навъи хулқу атвор, ахлоқу одобро ба ҳам муқобил мегузорад». Муҳаммадиев ақидаи худро оид ба хато будани кори Муҳаммадмурод аз забони нафари дигар баён месозад: «Ҳамин ки тани Муҳаммадмурод аз сояи сада берун шуд, посбони пир ӯро дарҳол шинохт ва бо доду фиғон ба маломаташ даҳон кушод:
–Илоҳо, гарданакат бишканад, сағираи ношукр. Каси дигар ёфт нашуд, ки ту, худобехабар, аз гиребони Аҳмадбек гирифтаӣ? Ҳа, дар қабри бобои ту, муттаҳам…
Дар ин асно воқеае рӯй дод, ки ҳуш аз сари мӯйсафед париду давоми дашному ҳақораташ дар даҳонаш монд.
–Не!!–бо тамоми қувват фарёд кашид Муҳаммадмурод».
Чунки он суханонро ба ҷойи пирамарди посбон Аҳмадбеки паҳлавон гуфтанаш мумкин нест. Ӯ марди майдон аст.
Хуллас, Ф. Муҳаммадиев пас аз устодон Айнӣ, Улуғзода, Икромӣ дар рушди насри муосири тоҷик, минҷумла, қолаби ҳикоя, ки бо фарқ аз ҳикояти адабиёти классикӣ дар заминаи осори адибони Аврупо ва рус ташаккул ёфта, дар эҷодиёти нависандагони пас аз Айнӣ мавқеи муносиб касб намуд, саҳми босазо дорад. Имрӯз ҳам насри адиб оҳарашро гум накарда, балки муштариёни худро ба мутолиаи осори ӯ ҷалб мекунад.
Х. ҲАМИДОВ,
Рӯзномаи «Овози тоҷик»,
16 октябри соли 2018