ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО: «ТОҶИКИСТОН БО МЕВАЮ САБЗАВОТИ ОЛИСИФАТИ ХУШТАМЪ, ФОИДАОВАР ВА МУҲИМТАР АЗ ҲАМА, АЗ ЛИҲОЗИ ЭКОЛОГӢ ТОЗА ШӮҲРАТ ДОРАД». Раиси палатаи болоии парлумони ФР бар он ақидааст, ки бояд интиқоли замонавӣ ва мувофиқи маводи ғизоиро аз Тоҷикистон ба Россия ба роҳ монд

Октябрь 26, 2018 11:57

ДУШАНБЕ, 26.10.2018/ АМИТ «Ховар»/. Россия ният дорад бо Тоҷикистон масоили ба тариқи сода дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро, ки бо меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи худ шӯҳрат дорад, баррасӣ намояд,- изҳор дошт рӯзи панҷшанбе Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко. Дар ин бора ТАСС хабар дод.

Оид ба маҳсулоти кишоварзӣ

 «Мо ният дорем ва тасмим гирифтем, ки масоили ба тарзи озод ва бемамониат интиқол додани маҳсулоти кишоварзиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҷоди усулҳои пурсамари молиявиро дар аснои ҳисобу китоб бо асъори миллӣ, ки имрӯз аҳамияти махсус касб намудаанд, баррасӣ намоем», – гуфт Матвиенко.

Ӯ таъкид сохт, ки амали мутақобила дар маҷмӯи кишоварзӣ дар байни самтҳои ҳамкории Россия ва Тоҷикистон мақоми хосса ишғол менамояд. «Тоҷикистон бо меваю сабзавоти олисифати хуштамъ, фоидаовар ва, муҳимтар аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза шӯҳрат дорад. Мутаассифона, то ҳол чунин меваҷоту сабзавот дар бозорҳои Россия ба таври бояду шояд пешкаш нагардидаанд»,–гуфт Матвиенко ва илова намуд, ки ин ба адами инфрасохтори зарурии логистӣ рабт дорад.

Бино ба суханони ӯ, Россия омода аст, то гуфтугӯро бо Тоҷикистон оид ба масъалаи дар ҷумҳурӣ бунёд намудани марказҳои тақсимоти яклухт идома диҳад ва ба ин васила интиқоли замонавӣ ва мувофиқи  маводи ғизоиро ба ФР роҳандозӣ созад. «Зимнан кумитаи мо ҳоло ба масоили сиёсати озуқаворӣ машғул аст, – гуфт раиси палатаи болоии парлумон.

Дар мавриди  муҳоҷирони меҳнатӣ

 Россия ҳамчунин барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сабук гардондани қоидаҳои муҳоҷират бо Тоҷикистон бо назардошти шартҳои дуҷонибаи судманд тайёр аст,- изҳор дошт Валентина Матвиенко.

«Дар сатҳи Комиссияи байнипарлумонӣ бо ташаббуси ҳамтоёни тоҷик баррасии масоили марбут ба сабук гардонидани қоидаҳои муҳоҷират оғоз гардид. Мо барои баррасии мушаххаси масъалаи мазкур бо дарназардошти шартҳои дуҷонибаи судманд омода ҳастем», – гуфт Матвиенко зимни суханронии худ дар ҷаласаи VI Форуми байнипарлумонии «Россия – Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ».

Ӯ иттилоъ дод, ки аз рӯи маълумоти коршиносон, дар Россия аз 700 ҳазор то 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд ва натиҷаи интиқоли пулӣ аз ҷониби онҳо қариб сеяки ММД ҷумҳуриро ташаккул медиҳад.

Ба ақидаи раиси ШФ, вазъият дар соҳаи муҳоҷират солҳои охир ба маротиб беҳтар шудааст, вале ҳанӯз масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо бояд ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Россия сурат гирад. «Мо бояд шароити хуби манзилӣ ба вуҷуд орем, ба масъалаи таъмини музди маоши шоиста ва дигар мушкилиҳо таваҷҷуҳ намоем», – гуфт Матвиенко.

Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки Россия барои ба мувозинат даровардани мушкилоти минтақавии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳавасманд аст, ки барои ин бояд ниёзмандии дақиқи минтақаҳои Россияро ба кадрҳои меҳнатӣ ба инобат гирифт.

Раиси палатаи болоии парлумон ёдовар шуд, ки бо ташаббуси президентони ФР ва Тоҷикистон нисбат ба он шаҳрвандони тоҷик, ки ба рӯйхати ашхоси воридшавиашон ба ФР манъшуда дохил буданд, авф эълон гардида буд. «Вале берун аз ҳудуди он бо сабабҳои гуногуни техникӣ ҳанӯз беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони тоҷик боқӣ мондаанд», – гуфт Матвиенко ва ҳамчунин илова намуд, ки ӯ ба кумитаҳои ШФ оид ба мудофиа ва бехатарӣ ва оид ба масъалаҳои байналмилалӣ супориш додааст, то онҳо якҷо бо вазорати корҳои дохилӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва ҳалли дурусти онро дарёфт намоянд».

Оид ба мутобиқшавии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ

Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи механизмҳои сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тайёрии касбии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон зарур аст. Ҳамчунин масъалаи пурзӯр намудани корҳо оид ба мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон ва фарзандони онҳо муҳим аст. «Фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Россия ройгон таҳсил мекунанд ва дар боғчаҳои бачагон таълим мегиранд. Дар як қатор минтақаҳои Россия дар ин бобат таҷрибаи хуб андӯхта шудааст», – гуфт Матвиенко.

Ба ҳайси мисол, ӯ  вилояти Москваро овард, ки дар он ҷо ташкилоти махсуси ҷамъиятӣ амал мекунад ва ҳадафи он доир намудани семинарҳои ройгон, ҳамчунин таълими нозукиҳои амалҳои ҳуқуқӣ ва мушкилоти маишӣ мебошад. «Ба пиндошти ман, чунин таҷрибаро дар дигар субъектҳои Федератсияи Россия низ бояд татбиқ кард. Ҳамчунин ба кор даровардани механизмҳои парлумонии мо низ судманд аст, то қарорҳои мукаммали қонунӣ қабул шаванд», – гуфт Раиси палатаи болоии Парлумон.

Октябрь 26, 2018 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид
Таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
Тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Малатияи Туркия баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика низоми бераводид эътибор пайдо намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири маорифи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд