Дар Душанбе Анҷумани VII Палатаи савдо ва саноат баргузор гардида, Ҷамшед Ҷумъахонзода дар вазифаи раиси Палата Шариф Саидро иваз намуд

Ноябрь 29, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани VII Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори анҷуман муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода,  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, роҳбарон ва намояндагони   Палатаи савдо ва саноат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, соҳибкорон, инчунин  шарикони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар Анҷуман раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар давраи солҳои 2014-2018  ва вазифаҳои минбаъда ҳисобот дод.

Шариф Саид зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Палатаи савдо  ва саноати ҶТ  дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», оинномаи Палата ва дигар қарору супоришҳои  мақомоти роҳбарикунандаи  он бармеоянд, ба роҳ монда шуд.  Фаъолияти ҷории Палата дар вобастагӣ бо вазъу  шароити иқтисодӣ-иҷтимоии  ҷумҳурӣ бо дарназардошти иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд,  таъмин гардонида шуд.

Инчунин иброз гардид, ки дар айни замон Палата аъзои 12 ташкилоти байналхалқӣ, аз ҷумла аъзои палатаҳои ҷаҳонӣ, исломӣ, аврупоӣ, давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором, давлатҳои аъзои ЭКО, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои намоишгоҳҳои байналхалқӣ, Иттифоқи байналхалқии саноатчиён ва соҳибкорон, Шӯрои байнидавлатии фаъолияти намоишгоҳии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои ИДМ, Палатаи байналхалқии савдои «Роҳи бузурги абрешим»  ва Алянси иқтисодии «Роҳи Абрешим»  буда,  роҳбарияти он  мунтазам ба ҳамоишҳои байнидавлатӣ сафарбар карда мешаванд.

Зикр гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ 233 субъектҳои хоҷагидорӣ ва  соҳибкорон ба узвияти Палата қабул карда шуданд. Дар панҷ соли сипаригашта бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳо, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ширкату  корхонаҳои  бузурги истеҳсолӣ ва доираҳои оҳибкории кишварҳои хориҷӣ 1410  вохӯриҳои корӣ гузаронида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар кори Анҷуман Лоиҳаи  фаъолияти  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023     мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ гардид.

Дар фарҷоми Анҷуман   аз ҷониби аъзои он раиси нави Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид.

Ҳамин тариқ, Ҷамшед Ҷумъахонзода, ки то имрӯз ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард,  раиси  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ин вазифа Шариф Саидро иваз намуд.

 

Ноябрь 29, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд