Дар Душанбе Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода ва роҳбарони дигар муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳ ва ҳунару маҳорати донишҷӯёни ихтисоси соҳаи сайёҳӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.
Имрӯз дар 14 муассисаи олии таълимии Тоҷикистон 2112 нафар ва 550 нафар дар коллеҷҳо аз рӯи 6 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадафи асосии баргузории Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» -ин мусоидат ба такмили қобилиятҳои таҳлилӣ ва таҳқиқии донишҷӯёни соҳаи сайёҳӣ мебошад. Зеро имрӯз бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос- донандаи хуби забон, фарҳанг, таърих, технологияи муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ хеле зарур аст.
Тавре муовини Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оид ба таълим Фирдавс Наҷмиддинов иброз дошт, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ қадами муассир аст. Зеро сарзамини Тоҷикистон дорои шароит ва имконоти беҳтарин барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки ба ин васила метавон иқтисодиёти кишварро таҳким бахшид.
«Воқеан сарзамини Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аст, ки он дар минтақа беназир арзёбӣ мегардад. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш диққати сайёҳонро ба худ ҷалб карда, қалби онҳоро тасхир намудааст. Ҳоло дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷменти соҳаи сайёҳии байналмилалӣ фаъолият дошта, мутахасисони соҳибтаҷриба омода менамояд. Ҳоло дар баробари донишҷӯёни тоҷик шарҳвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи ин ихтисос дар Донишкада таҳсили илм менамоянд», — гуфт Фирдавс Наҷмиддинов.
Ҳамзамон дар доираи форум як қатор озмунҳо-намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва беҳтарин рӯнамоӣ, ки қаблан эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.


















РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






