ИҶОЗАТНОМА БАРОИ РИШ?! Вокуниши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба гузориши солонаи Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ

Ноябрь 22, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) гузориши навбатии худро оид ба озодиҳои динӣ дар мамлакатҳо ба нашр расонид. Бо як назар ба чунин гузоришҳо ва хулосаи он  метавон дид, ки ин гузориш нусхаи асли гузоришҳои қаблӣ буда, чун ҳарвақта бидуни ҳеҷ гуна таҳлили воқеӣ аз вазъи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар Тоҷикистон таҳия шудааст ва муаллифон аслан матолиби «матбуоти зард»-ро сарчашмаи кори худ қарор додаанд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба он вокуниш нишон дода, бо чанд далел дар гузориш ҷой доштани иттиҳомоти беасосро нишон додааст. Аз ҷумла:

  1. Гӯё мақомоти Тоҷикистон кӯшиши ҷорӣ намудани маҳдудият дар рӯзадории мардум мекунад, ё худ қонунҳои Тоҷикистон адои намозро танҳо дар чаҳор ҷо (ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо — вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд) иҷозат медода бошанд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, моддаи 20.»). Дар ҳамаи давлатҳои дунё дар робита ба гузоридани намоз тартиби муайяне вуҷуд дорад. Яъне ҷойи намозгузорӣ бояд мушаххасу дақиқ бошад. Дар Қонун ҳамаи ҷойҳои зарурӣ барои гузоштани намоз мушаххас зикр шудааст. Умуман, аз матни гузориш маълум аст, ки гузоришгарон ҳамаи ин иттиҳомотро аз куҷое шунидаанд ва аслан худ доир ба вазъи воқеии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон ҳатто тасаввурот надоранд.

  1. Дар гузориш иддао мешавад, ки дар Тоҷикистон бидуни «иҷозатнома»-и махсус гузоштани риш манъ мебошад. Ин хабари дурӯғро чанд сол пеш ашхоси манфиатдоре дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буданд, ки дар ниҳоят Прокуратураи генералӣ нисбат ба ин қазия парванда боз намуд. Яъне, бо бовар кардан ба ин хабар ва чунин мавқеъ гирифтан то куҷо фарқ байни КОМИССИЯИ ИМА ОИД БА ОЗОДИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДИНӢ ва чанд фейке, ки ин хабарро паҳн карданд, боқӣ мемонад? Оё дақиқияти иттилоъро аз мақомоти расмии Тоҷикистон пурсон шудани Департамент кори мушкил аст?
  2. Ниҳоде чун Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) дар гузоришаш аз мавқеи гурӯҳҳое, ки бо қарори Суд ҳамчун ҷараёнҳои ифротию террористӣ шинохта шудаанд, ҳимоя кардааст, ки боиси тааҷҷуб аст. Ҳимояи рӯирости муаллифони гузориш аз ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар зеҳни кас суолҳои зиёдеро пайдо месозад.
  3. Яке аз далелҳои дигаре, ки ноогоҳоии муаллифони гузориш аз вазъи воқеии Тоҷикистонро собит месозад, ин дар рӯйхати «маҳдудиятҳои динӣ» қарор додани маросимҳое, чун «гаҳворабандон» тӯю азодорӣ, таваллуди кӯдак ва амсоли он мебошад. Бо як суол ба ин даъвои подарҳавои муаллифон посух гуфта мешавад: Дин куҷою гаҳворабандон куҷо?. Ба самъи гузоришгарони муҳтарам мерасонем, ки гаҳворабандон ва маросими дигари мазкур аслан динӣ набуда, дар муҳити Тоҷикистон чун маросимҳои оилавӣ шинохта шудаанд. Дигар ин ки мардуми Тоҷикистон ҳоло зарурат ва нафъи Қонунии миллии худро дарк кардаанд ва ҳеҷ эҳтиёҷе ба «ҳимоя»-и дигарон дар ин робита вуҷуд надорад.
  4. Таъйини маош ба имомхатибон ҳам аз ҷониби худи имомхатибон ва ҳам аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ҳамчун идомаи ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри аҳолии мамлакат дониста мешавад ва он маънии маҳдудсозии ҳеҷ гуна ҳуқуқу озодиҳоро надорад. Аммо дар масъалаи мавъизаҳо, ки дар гузоришҳои худ ҳамеша Комиссияи мазкур «нигаронӣ» мекунад, ҳамин нуктаро бояд ба назар гирифт, ки ҳоло ин таҷриба дар аксари кулли кишварҳои исломӣ амалӣ мегардад ва натиҷаҳои хубу назаррас ҳам дорад. Муҳим роҳнамоии мусулмонон ба роҳи рост ва амалҳои нек аст. Муҳим ин аст, ки минбари масоҷид суиистифода нашавад.

Дар умум, нашри чунин гузоришҳои ғайримунсифона ва хулосаҳои якҷониба метавонад ба обрӯ ва мавқеи Департаменти Амрико латма занад ва боиси коҳиши эътимоди кишварҳо ва ҷомеаҳо нисбат ба он гардад. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳамеша манфиатдори ҳамкорӣ бо ниҳодҳои алоҳида, махсусан Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) мебошад, то дар оянда ин ниҳод хулосаҳои воқеъбинона ва асоснокро пешниҳод созад.

Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд