Имрӯз-Рӯзи байналмилалии нобиноён. Ҳоло 70 нафар маъюбони нобино ва қувваи босираашон суст дар муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳо таҳсил доранд

Ноябрь 13, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 13.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи     ҷомеа  ба ашхоси  нобино ва қувваи босираашон суст ҳамасола  13 ноябр дар аксар мамлакатҳои дунё Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад.  Бояд зикр намуд, ки соли 1984 Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ин санаро ба ёдбуди эҳсонгар, муаллим ва навовари машҳури франсуз Валентин Гаюи-  асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён    дар ҷаҳон бахшида буд. 

Ба иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,3 млрд. нафар бо ҳар гуна оризаҳо   қувваи босираашон суст буда,  аз ин шумора  36 млн. нафараш  нобино мебошанд.

Дар Тоҷикистон   барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст пайваста  корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Ҳамчунин баҳри  дастгирии онҳо   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   соли 2010 «Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон», соли 2016 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбонро барои солҳои 2017-2020», соли 2018  «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро доир ба ҳуқуқи маъюбон» ва  «Шартномаи байналмилалии Марокаш»-ро  соли 2018 оид ба баланд бардоштани вазъи иттилоотӣ ва маълумотнокии нобиноён   ба тасвиб расонида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст тамоми шароитро муҳайё менамояд.

Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2004  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои нобиноён 15 октябр ҳамчун иди «Асои сафед» ҷашн гирифта мешавад. Ин идро Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон   якҷоя бо аъзояш дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷашн мегирад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси идораи марказии  Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни   Тоҷикистон» (ИМНТ) Ҷонтемур Нормуродов иттилоъ дод, ҳадафи асосии Иттиҳодияи мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбони чашм, иштирок дар муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба нобиноён, мусоидат ва татбиқи ваколатҳои давлатӣ дар офияти тиббӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ва муттаҳидкунӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, маълумот, фарҳанг ва варзиш, беҳтар намудани шароити моддӣ-маишии онҳо мебошад.

Айни замон дар назди Иттиҳодия 11 филиал ва 8 намояндагӣ  фаъолият доранд, ки зиёда аз 8 ҳазору 832 нафар маъюби нобино ва қувваи босираашон суст ва 2 ҳазору 899 нафар кӯдакони аз 7 то 16-соларо муттаҳид месозанд.

Бино ба иттилои Ҷ. Нормуродов,  зиёда аз 110 нафар маъюби нобино дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.  Айни ҳол дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият дошта, дар онҳо 441 нафар маъюбони нобино ва  қувваи босираашон суст бо кор таъминанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 1 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор вуҷуд дошт. Он ҳоло ҳам фаъолият дошта, дар он зиёда аз 200 нафар кӯдакон таҳсил менамоянд.

Бо дархости Иттиҳодияи  нобиноён ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2004 шумораи мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино ба 4 адад расид. Аз ҷумла, мактаб-интернат дар ш. Исфара, кӯдакистон-мактаби махсуси нобиноён дар ш.Хуҷанд, мактаби шабонарӯзии кӯдакони нобино ва сустбин дар ш.Душанбе таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо   485 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 2 мактаби шабона-ғоибона барои калонсолони нобино дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат вуҷуд доранд, ки 120 нафар хонандаро дар бар мегиранд.

Ҳамчунин дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноён чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои тиббӣ бо ҳуруфоти брайлӣ ба роҳ монда шуда, курсҳои бозомӯзӣ барои маъюбони нобино ва қувваи босираашон суст фаъолият доранд. Дар онҳо зиёда аз 70 нафар нобиноён ва сустбинон барои омӯзиши курсҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳсгарӣ, хонадорӣ ва пазандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Зикр гардид, ки    дар назди филиалҳои Иттиҳодия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Душанбе бо дастгирии лоиҳаи ташкилоти байналмилалии Финландия «Абилис», дар  шаҳри Исфара бо дастгирии ташкилоти «Оперейшн Мерси» низ курсҳои компютерӣ тариқи барномаи компютерии  овозии «Jowz» ба роҳ монда шудаанд.

Бояд гуфт, ки   ҳоло зиёда аз 70 нафар маъюбони нобино бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Иттиҳодияи миллии нобиноён онҳоро бо дафтарҳои махсус барои навишти хати брайлӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон миёни онҳо мусобиқаҳо оид ба шашкаю шоҳмот гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад