Нозимҷон Нидоев, доктори илмҳои иқтисодӣ: «Бунёди неругоҳи «Роғун» чун иншооти нодири асри XXI аҳамияти ҷаҳонӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2018 дар шаҳри Роғун дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд, ки «дар натиҷаи тадбирҳои амалӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шарофати заҳмати содиқонаи бунёдгарони иншооти таърихии Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯз мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, яъне шарти асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ хеле наздик шудем».
Дарвоқеъ, дар ҷаҳони муосир иншооте арзи вуҷуд менамоянд, ки барои ин ё он мамлакат на танҳо сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардои мардуми заҳматпеша ва рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номуси он мебошанд.
Чунин иншооти таърихӣ барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» — Кохи бузурги нури миллат аст, ки бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, оғози кори нахустин шӯълаи чароғистони бузурги миллат, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 — дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Бешубҳа, нақши Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» хеле бузург аст.
Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шаҳри Роғун бо иштироки коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин бо иштироки бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ, нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун» ва фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози расмӣ бахшида, бо ин ба орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшониданд.
Ҳамин тариқ, дар фазои тантанавӣ 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти иншооти бузурги аср, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, ба рӯзи равшаниву нур, ормонҳои миллӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодиёту иҷтимоияти кишвар аст, оғоз бахшиданд.
Ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ будани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дақиқияти кори аввалин агрегати он бо гузоштани танга муайян карда шуда, дар ҳузури намояндагон ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ исбот гардид.
Дар ҳақиқат, оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони азиз санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ буда, он бо талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, ҷидду ҷаҳд ва сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ карда шудааст.
Дар ин бора Пешвои маҳбуби миллат дар суханрониашон таъкид намуданд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баъди барқарор гардидани сулҳу субот, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат сохтмони неругоҳи азиму ҳаётан муҳими «Роғун» оғоз гардида, он ҳамчун омили муҳимтарини рушди минбаъдаи Тоҷикистон, зиндагонии осудаи на танҳо мардуми тоҷик, балки мардуми осиёи марказӣ ва гирду атрофи он ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат дар суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Роғун ибораи КОХИ БУЗУРГИ НУРИ МИЛЛАТ-ро истифода бурда, зикр намуданд, ки “баъди гузашти айём бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мо бо заҳмати худамон, бо саъю талоши халқи бузургворамон дар ҳамкорӣ бо беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд намудем ва он шаҳодати рӯшноии тафаккури миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, эътибор ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад”.
Тавре ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари Федератсия Россия Александр Проханов Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро «зебоии илоҳӣ» номида, зикр менамояд, ки тоҷикон, муҳандисони бузург, бунёдкорон якҷоя ва бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кӯҳро шикофта, як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ки аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистон, олами атроф, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад.
Ӯ мефзояд, ки “ман дар тӯли умри худ бисёр корномаҳои инсонҳоро дидам, вале ин корнамоии тоҷикон бесобиқа аст. Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои муҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он зебоии «илоҳист»!”.
Дар ҳақиқат, агрегати аввал, нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллат оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва шарти пешрафти устувории ҷумҳурӣ ва рӯзгори ободи ҳар як сокини мамлакат буда, бо ишора ба суханронии Пешвои миллат ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки минбаъд қалби хурду бузурги сокинони ҷумҳуриро саршор аз гармии меҳри Ватан ва хонадони ҳар як фарди онро пур аз хушбахтиву иқбол ва аз нури «Роғун» то абад равшан хоҳад кард.
Агар ба таърихи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» назар афканем, лоиҳаи мазкур бо мақсади таъмини мардуми Осиёи Марказӣ бо қувваи барқ ва обёрии заминҳои ташналаб дар доираи системаи ягонаи энергетикии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) пешбинӣ шуда, ҳанӯз соли 1972 асосноккунии техникию иқтисодии он ба анчом расида буд. Лоиҳаи зикргардида яке аз азимтарин лоиҳаҳои асри XXI дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон эътироф гардида, аз ҷониби Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС дар асоси баррасӣ ва пешниҳоди Вазорати барқи ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи бунёди он дар асоси Қарори КИД-и Госплани ИҶШС аз 27 феврали соли 1974, №6 тасдиқ шуда буд.
Даҳсолаҳост, ки сохтмони лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ диққати мутахассисону коршиносони соҳа ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда, мутобиқи ахбори расмӣ моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиёни аввалин ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» омада, оғози сохтмони сарбанди онро соли 1987 шурӯъ намуда буданд.
Ҳамин тариқ, охири соли 1976 дарёи Вахш баста шуда, корҳои мустаҳқамкунии сарбанд оғоз гардиданд. Соли 1993 баландии сарбанд то ба 40 метр расонида шуда, баъди он бо сабабҳои маълуми ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти молиявии солҳои навадуми асри XX корҳои ташкилию сохтмонӣ қатъ гардиданд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи нави сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ба даст омадани шароит бо ташаббус ва кӯшишҳои бемислу монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ ва pyшди имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва бо истифода аз 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст. Чуноне ки дар суханрониашон Пешвои миллат зикр намуданд: « …90 фоизи корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зери замин анҷом дода мешаванд, бинобар ин кор дар ин сохтмон аз нақбканҳо ва мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад… .
Воқеан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад».
Хотирнишон месозем, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мутахассисон, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла манотиқи Афғонистону Қирғизистону Покистон кофӣ хоҳад буд.
Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, маблағи сохтмони садди асосии он 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб карда шудааст.
Ҷиҳати бо суръат тараққӣ додани соҳаи энергетикӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро моҳи апрели соли 2019 ба гардиш дарорад. Бо мақсади сармоягузории тарҳи муҳимтарини он соли 2017 коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ ба маблағи 1 миллиард доллар нашр шуда, дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда шудаанд.
Таҳлилҳои гузаронидашуда ба мо имконият медиҳанд, ки афзалиятҳо ва хусусиятҳои хоси Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро иборат аз инҳо донем:
— корҳои ташхиси лоиҳа аз ҷониби беҳтарин мутахассисону коршиносони Бонки ҷаҳонӣ панҷ-шаш сол идома ёфтанд;
— бунёди сарбанди неругоҳ, ки сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи зиёдро тақозо менамояд, ба уҳдаи ғолиби тендери байналмилалӣ – Ширкати итолиёии «Салини Импреҷило» вогузор гардидааст;
— бо истифода аз манбаи таҷдидшаванда истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад;
— 29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуда, ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди 335-метраи неругоҳ асоси боэътимод гузошта шудааст;
— корҳои сохтмону васли таҷҳизот дар неругоҳ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, ташхиси ҳамаҷониба аз ҷониби коршиносони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон аз оғоз то анҷоми пурраи иншоот идома пайдо хоҳанд кард;
— обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард;
— бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад;
-бунёди неругоҳ аз нақбканҳо ва умуман аз ҳамаи мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёд талаб мекунад, зеро 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд;
— корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, амалӣ гардида истодаанд;
— неругоҳ барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода месозад.
Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханрониашон маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро марҳилаи аввал ва оғози кор ҳисобида, дилпурона изҳор намуданд, ки “бо дарназардошти таҷриба ва натиҷаҳои то имрӯз ба даст оварда, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо азми қатъӣ ва иродаи матини фарзандони ватандӯст ва бонангу номусе, ки ҳоло дар ин майдони заҳмати мардона фаъолият доранд, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом хоҳем расонид”.
Дар ҳақиқат, Неругоҳи барқии обии «Роғун» бузургтарин иншоот барои истеҳсоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва омили таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа буда, дар ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи Амударё мусоидат намуда, барои рушди ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаи энергетикаи КАСА-1000 ба манфиати аҳолии Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқӣ нақши асосӣ дорад.
Нозимҷон НИДОЕВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон