РАҚАМИ БАХОСИЯТИ 27. Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тағйироти кадрӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва вазорату идораҳо, таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ, сифати роҳҳои мошингарди мамлакат, анҷом додани корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, қабул шудани Қонуни ҶТ дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2019, ошкор намудани чеҳраи манфури ифротгароёну террористон – чунинанд мавзӯъҳое, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ воситаҳои ахбори омма инъикос карданд.
23 ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд. Нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва «Халқ овози» вобаста ба тағйироти кадрӣ матни расмии Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бознашр карданд. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд. «Ҳамаи шумо ҷавонони соҳибтаҷриба, мутахассиси соҳаҳои худ ҳастед. Зимни иҷрои вазифаҳои хизматиятон кӯшиш намоед, ки дар оянда намунаи ибрати дигарон ва соҳиби эҳтироми мардум гардед»,—таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Нашрияи «Ҷумҳурият» (№230, 26.11.2018) бо сарлавҳаи «Роҳҳои Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар ИДМ» мақола нашр кардааст. «Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги вазъ ва сифати роҳҳои кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод дошт, ки тибқи он Тоҷикистон миёни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми дуюмро ишғол кард. Иттилоъ дода мешавад, ки Тоҷикистон дар қатори 137 кишвари ҷаҳон аз лиҳози сифати роҳҳои мошингард бо гирифтани 4,1 балл мақоми 70-умро касб намудааст», — навиштааст муаллифи мақолаи мазкур. Зимнан роҳбарияти олии мамлакат бо мақсади комилан аз бунбасти коммуникатсионӣ берун баровардани Тоҷикистон ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ бо маблағгузории Хукумати мамлакат ва сармоягузории шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА 44 лоиҳа татбиқ кардааст, ки аз ҷиҳати натиҷанокӣ дар тамоми ИДМ беназир мебошанд. Дар ин солҳо 2000 км роҳҳои мошингард, 31 км нақб, 240 пул ва 214 км роҳҳои оҳан ба истифода супорида шуданд.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№231 аз 27.11.2018) мақолаи устодони Донишгоҳи молия ва иқтисод зери сарлавҳаи «Ҳизби наҳзати ислом – ташкилоти экстремистию террористӣ» ба нашр расидааст. «Ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Мутаассифона, ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо мақсади паст задани мавқеи давлати миллии тоҷикон изҳороту нигоштаҳои ғаразнокро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то миллат ва давлати тоҷиконро паст зананд. Ҳарчанд роҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти душманона медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург аз асли ҳақиқат огаҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, аммо ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид», — навиштаанд муаллифони мақола.
«Ҷумҳурият» (№232, 28.11.2018) матни Қонунро «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» нашр карда, дар мавзӯи муносибатҳои неку дӯстонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мақолаи таҳлилӣ нашр кардааст: «Меъморони қасри дӯстии тоҷику ӯзбек мутафаккирони барҷастаи Шарқи фарҳангӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ будаанд. Фарқияти синну соли устоду шогирд 27 сол аст. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 27 сол баргузор гаштааст. Бо амри тақдир устод Айнӣ пас аз 27 сол аз Бухоро ба Самарқанд — шаҳре, ки муддате пойтахти муштараки тоҷикону ӯзбекон буд, кӯчидааст. Зимни вохӯрии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст. Худи сафари Пешвои миллат ба Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. 27 сентябри соли равон бо ҳузури роҳбарони ду давлати дӯсту ҳамсоя ҳамчун рамзи дӯстӣ боғи зебои «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт ва парда аз рӯи муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи тоҷику ӯзбек — Ҷомӣ ва Навоӣ бардошта шуд», — навиштааст муаллифи мақола, омӯзгори мактаби миёна аз ноҳияи Айнӣ М.Ҷумъаев.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи имрӯз нашршуда идомаи гузоришро аз ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки дар он намояндагони мардумӣ Буҷети давлатиро барои соли 2019 қабул карданд ва матни Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2019» пешниҳоди хонандагон намудааст.
Нашрияи «Народная газета» мақолаи таҳлилии хабарнигори РИА Новости Лидия Исамоваро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат чоп кардааст. Мақолаи мазкур дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи террористи хатарнок Ҳ.Абдусамадов, ки сайёҳони хориҷиро бо фармони Кабирӣ ба қатл расонидааст, нақл мекунад. Ин террористи наҳзатӣ зимни суҳбат бо Л.Исамова дар боздоштгоҳи рақами 1 ошкоро ҷиноятҳои содиркардаашро баён кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора, мақолаи С. Назаров бо номи «Коршиносони ҷаҳонӣ иғвогарони ҳодисаҳои ВМКБ-ро шинохтанд» аз чоп баромадааст, ки хеле ҷолиб мебошад.
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Халқ овози» аз 29 ноябри соли 2018 Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи иштирокчии иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯр Сафаров дар бораи хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафту шукуфон гардидани Тоҷикистон ба чоп расидаанд. Саҳифаи дигари рӯзнома ба фаъолияти эҷодии шоир ва тарҷумони шинохтаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Аскар Маҳкам бахшида шудааст.
Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» мақолаҳои «Офтобе, ки лашкараш нур аст!», «Фазилатҳои «Роғун», «Чархи иқболи миллат», «Афсона ба ҳақиқат табдил ёфт», «Силоҳ беҳ аст, ки набошад» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти ҳизбӣ нашр кардааст.