Роҳбарии Палатаи кадастри Росреестр ба уҳдаи зодаи Тоҷикистон Парвиз Тӯхтасунов гузошта шуд

Ноябрь 28, 2018 08:36

ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони  Вазорати  рушди иқтисоди Федератсияи Россия аз 22 ноябри соли 2018 Тӯхтасунов Парвиз Константинович  директори  РДФБ «Кадастри палатаи Росеестр»  таъйин шуд.

Хабар  дар бораи таъйинот тавассути  сомонаи расмии Росреестр, ки Палатаи Федералии Кадастрӣ ба ӯ дахл  дорад, тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи матни  дар интернет ҷой додашудаи  фармон,  Тӯхтасунов 27 ноябри соли 2018 ба ин вазифа таъйин гардид.

«Дар назди ӯ вазифа гузошта шудааст, ки муассисаро  ба яке аз ширкатҳои пешбари соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ-инфрасохторӣ  дар бахши давлатӣ  табдил диҳад.

Хизматҳои  Парвиз Тӯхтасунов

Тавре дар сомонаи Росреестр зикр карда шудааст, ин дигаргунсозӣ  марҳилаи навбатии рушди инфрасохтори IT-и Ростеестр мебошад, ки дар тӯли ду соли қаблӣ  бо иштироки бевоситаи Парвиз Тӯхтасунов сурат гирифт. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор лоиҳаҳои Росреестр  дар соҳаи технологияҳои  иттилоотӣ бомуваффақият амалӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, лоиҳаи «3D-кадастр» аз рӯи муаррифии сесамтаи объектҳои  ғайриманқул, инчунин лоиҳа оид ба коркарди хизматрасонии электронӣ «Ҳолатҳои зиндагӣ» ба роҳ монда шуданд. Ҳадаф аз ин амал – манзур намудани тавсияҳои пайдарҳам оид ба дастрасӣ ба  хизматрасонии Росреестр вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаёт мебошад.

Дигар лоиҳаи бузург-«Фабрикаи  электронии бақайдгирӣ» ном дорад. Он моҳи июни соли 2017 дар заминаи Раёсати Росреестр дар вилояти Москва таъсис дода шудааст. Бо шарофати он, суръати бақайдгирии ҳуқуқҳо дар шакли электронӣ 1-2 рӯз  коҳиш ёфт.  Дар ин минтақа фоизи бештари боздошт ва раддияи  бақайдгирии ҳуқуқ дар кишвар мавҷуд буд. Тақрибан сеяки муроҷиаткунандагон ҷавоби рад мегирифтанд. Дар натиҷаи  тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла оғози фаолияти «Фабрикаи электронии бақайдгирӣ», самарнокии кор дар ин самт се маротиба зиёд гардид.

Дар доираи рушди  бақайдгирии электронии ҳуқуқҳо таҳти  роҳбарии  Парвиз Тӯхтасунов  инчунин лоиҳаи муштараки  Росреестр ва Сбербанк оид ба хизматрасонӣ – пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар идораҳои бонкӣ ё худ офисҳои сохтмончиён  ҳангоми ба расмият даровардани амволи ғайриманқул бидуни  муроҷиат  ба Росреестр амалӣ гардид. Аз оғози сол муҳлати хизматрасонӣ барои муроҷиаткунандагон дар доираи ин лоиҳа ба таври назаррас кам гардид.  Шумораи умумии созишномаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур аз 700 ҳазор зиёд аст.

Илова бар ин, таҳти роҳбарии Тӯхтасунов лоиҳаи истифодаи технологияи блокчейн дар вақти ба қайд гирифтани Созишнома дар бораи иштироки саҳомӣ  дар вилояти Ленинград оғоз гардид.  Дар доираи ин лоиҳаи аввалин  бо Внешэкономбонк моҳи феврали соли 2018 шартномаи якуми иштирок дар сохтмони муштарак бо истифодаи технологияи блокчейн ба қайд гирифта шуд. Дар доираи лоиҳа зиёда аз ҳазор Созишномаи иштироки саҳомӣ бо истифодаи блокчейн ба қайд гирифта шудааст. Барои амалӣ гардонидани лоиҳа Росреестр сазовори ҷоизаи байналмилалии «Блокчейн-иқтисодиёт» дар  номинатсияи «Беҳтарин таҷрибаи рақамии истифодаи блокчейн дар бахши давлатӣ» гардид.

Дар бораи ӯ чӣ маълумот ҳаст?

Парвиз Константинович Тӯхтасунов 11 июли соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Соли 2008 Академияи тиббии Москва-и ба номи И.М. Сеченовро бо тахассуси  «Фаъолияти табобатӣ» ба итмом расонида, баъдан дар  ординатура, интернатура ва асперантураи И.М. Сеченов таҳсил кардааст. Соли 2017 Тӯхтасунов  Донишкадаи кушода- мактаби касбии олиро бо тахассуси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ», инчунин Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плехановро дар равияи «молияи корпоративӣ» хатм кардааст.

Аз соли 2011 то 2016 ӯ дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ кор мекард.  Дар моҳи август ва октябри соли 2016 ӯ вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Росселхозземлемониторинг» -ро бар дӯш дошт. .  Аз моҳи октябри соли 2016 то ноябри соли 2018, Тӯхтасунов  мушовири роҳбари Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозӣ буд.

Бино ба иттилои сомонаи Росреестр, директори нави Кадастра фаъолияти муассисаро ба роҳ мемонад, аз ҷумла шуъбаҳои он бо мақомоти ҳудудӣ  ва зерсохторҳо, фаъолияти якчанд кафедра, аз ҷумла шуъбаи захираҳои инсонӣ, шуъбаи ҳифзи сирри давлатӣ, шуъбаи коррупсия ва ғайраро  назорат мекунад.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Парвиз Константинович Тӯхтасунов  соли 1985 дар Душанбе таваллуд шудааст.  Аз соли 1992 инҷониб дар Москва зиндагӣ мекунад.

Соли 2008 ӯ  Академияи тиббии Москва  ба номи И.М. Сеченовро дар ихтисоси «Фаъолияти тиббӣ» хатм кардааст.

Дар соли 2017 — Донишкадаи кушода — мактаби олии касбиро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ» ва Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи  Г.В.  Плехановро  дар самти «Молияи корпоративӣ» хатм кардааст.

Солҳои 2011-2016 ӯ дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ кор мекард.  Парвиз сармоягузори  IT- дар Brandon Ltd. мебошад.  Дар доираи  ин лоиҳа 10Levels- ӯ бунёдгузор ва дорандаи патенти коди барномавӣ мебошад.

 

Ноябрь 28, 2018 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид