Шералӣ Раҳматуллоев: «Пешниҳод карда шуд, ки соли 2019 Соли бехатарии озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим эълон карда шавад»

Ноябрь 3, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карда шуд, ки   соли  2019   Соли  бехатарии озуқа,   ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим  эълон карда шавад. Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба  Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев баён дошт.

Зикр шуд, ки  бехатарии озуқа ва ғизои солим самти  афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз масъалаҳои стратегии сеюм ба ҳисоб меравад.

«Мутаассифона,  дар Тоҷикистон  он ғизое, ки  мо истеъмол мекунем, сифатан мувофиқ нест, аз ин хотир    38 фоизи   занҳо бо вазни зиёд, 11 фоиз  занҳои лоғар,  18 фоиз кӯдакони қадпаст  ва  10 фоиз кӯдакони камвазн  ба қайд гирифта шудаанд.  Барои ҳалли ин мушкилӣ мо имрӯз тадбирҳои зиёд андешида истодаем»,- зикр кард Ш.Раҳматуллоев.

Зимни нишасти матбуотӣ баён дошта шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ» тадбиқ шуда истодааст. Дар доираи он  дар 52 мактаби таҷрибавӣ таъмир ва таҷҳизонидани ошхонаҳо ва омӯзонидани ошпазон доир гардида истодааст.  Стратегияи мазкур то соли 2027 амалӣ гардида, дар доираи он  зина ба зина  тамоми  мактабҳои ҷумҳурӣ  бо ғизои  солим таъмин карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки зимни Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар шаҳри Душанбе дастовардҳои  низоми тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018 ва  саҳми Шарикон оид ба рушд  дар амалисозии Стратегияи мазкур  дар соли 2018 баррасӣ гардид.

Ноябрь 3, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид