ТО БА ИСТИФОДАДИҲИИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НБО «РОҒУН» 15 РӮЗИ ДИГАР МОНД. Аз оғози расмии бунёди сарбанди ин иншооти азим ду сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ду сол сипарӣ гардид. Тирамоҳи соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз карда шуда , ба бунёди ин мавзеъи муҳими иншоот оғозӣ расмӣ бахшида шуд.
Дар он рӯзи фаромӯшнопазир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, ҳусни оғоз бахшиданд ва онро «яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат дар рӯзи оғози корҳои сохтмонии сарбанди ин иншооти муҳим зикр намуданд: «Имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».
Чунин суханони пурҳикмати Сарвари давлат ба худ маънои хос доранд, зеро ҳадаф аз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Яъне пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ ҳукумати мамлакат ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ мерасад.
Зимнан, Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалии мамлакатҳои дорои баландтарин сарбанди неругоҳи барқи обӣ зинаи дуюмро касб менамояд. Дар мамлакати мо Неругоҳи барқи обии «Норак» мавҷуд аст, ки сарбанди он 300 метр баландӣ ва садди заминӣ (гиливу сангӣ) дорад. Неругоҳи мазкур то соли 2013 дар сархати ин рейтингҳо қарор дошт.
Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» 70 километр дарозӣ ва 98 километри мураббаъ масоҳат дошта, ғунҷоиши обаш 10, 5 километри кубӣ мебошад. Чуқурии миёнаи обанбор 107 метр мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, соли 1979 пурра ба итмом расидаанд.
Дар зинаи якум Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад. Дар ин мамлакат сарбанди НБО «Тсинпин — 1» сохта шудааст, ки 305 метр баландӣ, 568 метр дарозӣ дошта, арматуриву бетонӣ мебошад. Сохтмони НБО соли 2005 оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расидааст.
Имрӯз бо гузашти ду сол аз рӯзи оғози расмии сохтмони пешдарғоти НБО «Роғун» баландии он 80 метрро ташкил медиҳад.
Тавре аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар ин неругоҳ корҳои омодагӣ барои ба истифода додани агрегати якуми он бо суръати баланд идома доранд.
Ширкати «Салини Импреҷило» (Италия) корҳои рехтан ва шиббакунии маводи сарбандро бо мақсади васеъ намудан ва бардоштани он то 1065 метр аз сатҳи баҳр пурра ба анҷом расонидааст.
Тибқи Қарордод байни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро ин ширкат месозад.
Садди асосии неругоҳ ба маблағи 1 миллиарду 950 миллион доллари ИМА бунёд карда мешавад.
Мавриди зикри хос аст, ки 16 ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад ва то ин санаи таърихӣ 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»














Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






