ҶАЛБИ БОНУВОН БА НИЗОМИ БОНКӢ: дар мамлакат имконият фароҳам меояд, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати фаъол дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни